Маркази миллии тестӣ аз 10 то 22 феврал семинарҳои омӯзишӣ мегузаронад
ДУШАНБЕ, 11.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. 1 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад. Бо ин мақсад Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 22 феврал барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ бо мақсади омӯзиш ва интихоби роҳбарону ёварони онҳо, бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзишӣ доир менамояд.
Мувофиқи нақша, дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2020 дар 33 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 38 нуқтаи доимии бақайдгирӣ бо теъдоди 144 истгоҳи корӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода шудаанд.
Тибқи эълон 396 нафар хоҳишмандон бо мақсади иштирок дар озмун барои интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ ариза (бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ) пешниҳод намуданд, ки мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда 371 нафар шахсони аризадода ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд.
Барои ташкилу баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент, Рашт ва Данғара аз ҷумлаи кормандони Марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Тибқи барнома, семинарҳои омӯзишӣ барои 15 гурӯҳ дар шаҳрҳои зикршуда гузаронида мешаванд.
Дар асоси озмун шахсони ба талабот ҷавобгӯй ва дорои донишу маҳорати арзанда барои кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд.








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






