Мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегӣ донишу малакаи худро дар Чину Ҳиндустон такмил доданд
ДУШАНБЕ, 07.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзӯъҳое мебошанд, ки соли гузашта кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТС) доир ба онҳо таҳқиқот гузаронидаанд. Тавсеаи ҳамкории МТС бо дигар ниҳодҳои таҳлилии кишварҳои хориҷӣ дар ҳолест, ки соли сипаригардида бархе аз кормандони Марказ дар курсҳои такмили ихтисос дар давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон ва Чин савияи донишу малакаи худро такмил доданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ бо натиҷагирӣ аз фаъолияти зарфи як сол анҷомдодаи кормандону мутахассисони Марказ, ки яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии мамлакат маҳсуб мешавад, имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки кормандони МТС бо мақсади амалишавии сиёсати давлатӣ, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи стратегияҳои давлатӣ ва МТС такмили механизми сиёсати дохилию хориҷии давлат фаъолият намуда, ба як зумра дастовардҳо ноил гардиданд.
Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои Маҷлиси вакилони халқ доир ба масъалаҳои мушаххас иштирок карданд. Инчунин Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумитаҳо ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А.Баҳоваддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ба роҳ монд.
Бо дахли ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар ниҳодҳои таҳлили кишварҳои хориҷӣ Хуршед Зиёӣ афзуд, ки МТС ҳамкории судмандро бо марказҳои таҳлилии давлатҳои хориҷӣ, назири марказҳои таҳлилии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, марказҳои тадқиқоти стратегии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва Полша тақвият бахшидааст. Инчунин Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/, Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Созмони Ҳамкории Байналмилалии Германия, Маркази Дипломатияи Пешгирикунанда дар Ашқобод ҳамкориро тавсеа бахшид. Марказ ҳамзамон узви Маркази таҳлилии СААД, Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»






