Озмоишгоҳи «Тоҷикстандарт» барои истифодаи нишони мақомоти бонуфузи байналмилалии «ILAK» иҷозат гирифт
ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон ТОО «НЦА», ки аъзои комилҳуқуқи ташкилоти байналмилалӣ оид ба аккредитатсия (ILAK) аст, барои истифодаи нишони мақомоти бонуфузи байналмилалии «ILAK» ва ТОО «НЦА» дар санадҳои ташхисии Агентии стандартизатсия, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») қарор қабул кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд, 4 ва 5 феврал дар Маркази ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардуми Агентии «Тоҷикстандарт» аз ҷониби Маркази миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон ТОО «НЦА», ки аъзои комилҳуқуқи ташкилоти байналмилалӣ оид ба аккредитатсия (ILAK) мебошад, санҷиши назоратии фаъолияти озмоишгоҳ гузаронида шуд. Дар раванди санҷиш асосан мутобиқати фаъолияти озмоишгоҳ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
“Натиҷаи санҷиши назоратӣ нишон дод, ки дар озмоишгоҳ дақиқии ташхисҳо ва дигар талаботи меъёрҳои байналмилалӣ риоя мегардад ва бо назардошти ин барои истифодаи нишони мақомоти бонуфузи байналмилалии «ILAK» ва ТОО «НЦА» дар санадҳои ташхисии Агентии «Тоҷикстандарт» қарор қабул карда шуд”,- илова намуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2018 Маркази ташхисӣ дар феҳристи озмоишгоҳҳои дар сатҳи байналмилалӣ аккредитатсияшуда ба қайд гирифта шудааст. Марказ тибқи талаботи стандарти байналмилалии ИСО/МЭК 17025:2009 «Талаботи умумӣ ба салоҳиятнокии озмоишгоҳҳои ташхисӣ ва калибровкакунонӣ» аккредитатсия карда шуда, соҳиби аттестати аккредитатсия мебошад. Дар давраи якуми аккредитатсия 21 усули ташхисӣ ва дар давраи дуюми аккредитатсия 40 усули ташхисӣ ба қайд гирифта шуданд, ки ин доираи ваколатҳоро қариб 2 баробар зиёд менамояд. Ҳамзамон ба системаи рамзии намунаҳо ва ҷобаҷогузории менеҷерҳои сифат дар сохтори ташкилии «Тоҷикстандарт» баҳои хуб дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар миқёси Осиёи Миёна Тоҷикистон баъд аз Қазоқистон дуюмин мамлакатест, ки озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хўроквориаш дар ин доира ваколати байналмилалӣ мегирад.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






