Пагоҳ Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи андоз, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Хадамоти гумрук, Агентии хизмати давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 12 феврал Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди миллии маблағгузории Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон соати 09:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешавад.
Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон соати 9:00 дар бинои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ доир менамояд.
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук соати 10:00 дар Хадамоти мазкур доир мешавад.
Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соати 11:00 ва Агентии хизмати давлатӣ соати 13:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешаванд.
Кумитаи андоз соати 15:00 дар Раёсати андози андозсурандагони калон нишасти матбуотӣ меорояд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






