Санъати ороишӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Аврупо муаррифӣ мегарданд

Февраль 26, 2020 10:50

ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Санъати ороишӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон бояд ба мардуми Аврупо муаррифӣ гарданд. Ин нуктаро 25 феврал Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йозефсон зимни мулоқот бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз намуд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ  Зулфия Давлатзода ба Сафири Иттиҳоди Аврупо Мерилин Йозефсон оид ба фаъолияти соҳаи фарҳанг ва самтҳои асосии он дар Тоҷикистон маълумот дод.

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йозефсон иброз намуд, ки ҳунарпешаҳои тоҷик истеъдоди баланд дошта, метавонанд дар қитъаи Аврупо санъати тоҷикро ба таври арзанда муаррифӣ кунанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо Вазорати фарҳанг то ин муддат ҳамкории хуб дошта, ният дорад онро минбаъд таҳким бахшад.

Зимни мулоқот  зикр гардид, ки ҷонибҳо ба дурнамои фаъолият, нақшаҳои минбаъда ва амалӣ намудани барномаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи бештар равона намоянд.

Февраль 26, 2020 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад