Сарҳадбонон ворид намудани 400 кг носро аз Тоҷикистон ба Россия пешгирӣ карданд

Февраль 11, 2020 13:50

ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Хадамоти назорати сарҳадии ФСБ-и Россия кӯшиши ба қаламрави вилояти Кургон ворид намудани миқдори зиёди носро, ки фурӯши он дар Федератсияи Россия аз соли 2013 манъ шудааст,  пешгирӣ карданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора хадамоти матбуоти департаменти ФСБ дар вилоятҳои Қурғон ва Тюмен хабар додааст.

«Дар гузаргоҳи автомобилии Петухово афсарони Раёсати марзбонии Хадамоти федералии амнияти Россия дар минтақаҳои Қурғон ва Тюмен дар якҷоягӣ бо кормандони Идораи назоратии вилояти  Қурғон кӯшиши ворид кардани носро ба Россия пешгирӣ карданд. Бори манъшуда аз ҷониби сарҳадбонон дар 13 халта ва халтаи пластикии вазнаш қариб 400 кг дарёфт карда шуд», — омадааст дар хабар.

Хадамоти матбуот илова намуд, ки ин аввалин ҳодисаи рухдода дар гузаргоҳи Петухово дар моҳи феврал нест. «7 феврал як шаҳрванди Қирғизистон дар дохили либосаш аз Бишкек ба Сургут ҳудуди 50 кг нос интиқол дода буд», — гуфтанд онҳо.

Февраль 11, 2020 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад