Шералӣ Сиддиқзода: «БМИМТ дар Хатлон 12 мактаб месозад»
ДУШАНБЕ, 12.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) тасмим гирифтааст, ки дар давраи татбиқи марҳилаи чоруми барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 12 бинои мактаб дар як баст бо 2544 ҷойи нишаст бунёд намояд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Шералӣ Сиддиқзода хабар дод.
Мавсуф иброз намуд, ки «аз 56 бинои мактабҳои дар ҳолати фарсуда қарордоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пас аз омӯзиш ба 12 бинои мактаб дар ноҳияҳои Абдураҳмонӣ Ҷомӣ, Хуросон, Кӯшониён, Вахш, Левакант, Данғара, Балҷувон, Восеъ, Ховалинг, Кӯлоб, Ш. Шоҳин ва Муъминобод барои навсозӣ иҷозат дода шуд. Айни замон сохтмони бинои ин мактабҳо идома дорад».
Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки мақсад ва вазифаи асосии барномаҳои «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои фарогир буда, дар ҷараёни он мактабҳои лоиҳавӣ бо мебелу таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешаванд.
«Соли 2020 дар доирати амалишавии барнома иҷрои вазифаҳои зерин, аз қабили сохтмони 12 бинои мактабии дуқабатаи дорои 6, 8 ва 10 синфхона ба назардошти тадбирҳои баландбардории самаранокиии энергетикии биноҳо, муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои нав бо мебели мустаҳками босифат, таъмини мактабҳои лоиҳавӣ ба шабакаи мустақили гармидиҳӣ ва неруи барқ, сохтмони нуқтаҳои санитарии ба талабот ҷавобгӯ, дар ҳолати зарурӣ таъмин намудани мактабҳои лоиҳавӣ бо синфхонаҳои таълими меҳнат ҷиҳати фароҳам овардани имконият барои тайёрии касбӣ ва дигар чорабиниҳои омӯзиширо пешбинӣ намудааст»,- афзуд Шералӣ Сиддиқзода.








Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст






