Соли гузашта 141 нафар дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданд
ДУШАНБЕ, 06.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ соли гузашта дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳои мамлакат 141 нафар ғарқ шуданд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ба хабарнигорон иброз намуд.
Рустам Назарзода зикр намуд, ки ҳарчанд аз ҷониби кормандони Кумитаи мазкур миёни аҳолӣ таблиғоти зиёд роҳандозӣ мешавад, боз ҳам мутаассифона, дар иншооти обӣ одамон ба ҳалокат мерасанд. Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ соли гузашта дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳои мамлакат 141 нафар ғарқ шуданд, ки соли 2018 ин рақам ба 140 нафар баробар буд. Соли гузашта наҷотдиҳандагони Кумита 51 нафарро ҳангоми ғарқ шудан наҷот доданд.
Инчунин зикр гардид, ки соли 2019 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 680 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шуд. Аз шумораи умумии ҳолатҳои бақайдгирифташуда 46 ҳодиса ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари моддӣ ва маънавӣ расонид.
«Аз 46 офати табиӣ – 24 ҳодиса сел, 8 ҳодиса лағзиши тарма, 5 ҳодиса резиши санг, 2 ҳодиса шамоли сахт, 2 ҳодиса ярч, 1 ҳодиса раъду барқ, 1 ҳодиса болоравии сатҳи об дар рӯдхонаро ташкил медод»,- иброз намуд мавсуф.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ 22 сокини мамлакат ба ҳалокат расиданд. Тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои фавқулода ба ҳамаи 22 оилаи ҳалокшудагон кумаки яквақта ба миқдори 22 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар соли 2020 вазифаҳои зерин: татбиқи Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022 ва Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2030, баланд бардоштани малакаҳои касбӣ ва интизоми ҳарбии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти хадамоти наҷоти Кумита тавассути ташкили дастаҳои наҷотдиҳандагони баландихтисос, ки бо таҷҳизоти муосир ва воситаҳои махсуси техникӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд, густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, оғози сохтмони Маркази миллӣ (майдони таълимӣ) барои таълим ва бозомӯзии самараноки кадрҳо дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, хадамоти кинологию ғаввосӣ ва хариду насб кардани як радари муосир барои системаи зидди жола ва мониторинг, огоҳкунии пешакии кӯли Сарез, аз ҷумла тавсеаи он то ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон амалӣ карда мешаванд.








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






