ТАСС: Имрӯз вазирони корҳои хориҷии Россия ва Тоҷикистон амнияти минтақавӣ ва муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин музокирот анҷом медиҳад. Тавре дар шарҳи ВКХ Россия тазаккур дода мешавад, вазирони корҳои хориҷӣ масоили мубрами муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои ҳамкории минбаъдаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ мекунанд. Масоили рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо низ дар меҳвари суҳбат қарор хоҳанд гирифт, хабар медиҳад ТАСС.
«Ба пешбурди ҳамгирии тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин ҳамоҳангсозии ду давлат дар доираи ИДМ, СААД ва СҲШ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Ҷонибҳо арзёбии вазъи амнияти минтақавӣ, авзои кунунӣ дар Афғонистон, ҳамкории зиддитеррористӣ ва зидди маводи мухаддирро муқоиса хоҳанд кард», — қаблан иттилоъ дода буд намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Россия Мария Захарова.
Илова бар ин, интизор меравад, ки барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Россия ва Тоҷикистон барои соли 2020 имзо шавад.
Дар рӯҳияи шарикии стратегӣ
Дар майдони Смоленская хотиррасон карда шуд, ки Тоҷикистон шарики стратегӣ ва иттифоқчии Россия дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. «Муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон бо муколамаи ғании сиёсӣ, сатҳи баланди эътимод ва хусусияти зичи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун фарқ мекунанд», — таъкид мешавад дар шарҳи вазорат.
Чунин сатҳи баланди ҳамкорӣ дар тамоми самтҳо дида мешавад: шурӯъ аз муколамаи сиёсӣ, аз ҷумла дар сиғаи бисёрҷониба, муқовимати муштарак ба таҳдидҳои амниятӣ то ба шарикии тиҷоративу иқтисодӣ ва мубодилаи фарҳангиву гуманитарӣ. Ҳафтаи гузашта иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳо бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасдиқ гардид.
Россия яке аз сармоягузорони калидӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Ҳаҷми сармоягузории ҷамъшудаи мустақими Россия 1,6 миллиард доллар — 17,2%-и ҳамаи сармоягузориҳои хориҷиро ташкил медиҳад. Дар ин самт яке аз нақшҳои муайянро Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ фаъолона мебозад, ки ҷаласаи 17-уми он соли равон дар Москва баргузор хоҳад шуд.
Илова бар ин, ВКХ Россия ҳавасмандии худро дар тавсеаи таҳвили маҳсулоти баландсифати озуқаворӣ ва кишоварзӣ аз Тоҷикистон зикр менамояд. Бо ин мақсад корҳо оид ба беҳсозии инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ ва қонунгузории соҳавӣ идома доранд. Ба ҳамкорӣ дар масоили муҳоҷират, ки дар муносибатҳои дуҷониба мавқеи муҳимро ишғол менамояд, таваҷҷуҳ дода мешавад, зеро дар Россия тақрибан 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд. Ҷонибҳо баҳри беҳтар намудани шароити будубоши намояндагони Тоҷикистон дар Россия кор мебаранд, аз ҷумла, заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ин самт такмил дода мешавад.
Дар Тоҷикистон маълумоти олии Россия муваффақона истифода мешавад. Зиёда аз 20 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, донишҷӯён мебошанд. Ғайр аз ин, дар филиалҳои донишгоҳҳои Россия ва Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Созишномаи байниҳукуматии ба қарибӣ баимзорасида оид ба сохтмони панҷ мактаби русзабон дар ҷумҳурӣ бояд барои тоҷикистониёне, ки таҳсилро дар Россия идома додан мехоҳанд, кумаки хуб шавад.
Амният дар мадди аввал
Ҳамгироӣ дар масоили амният аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятноки Москва ва Душанбе ба ҳисоб меравад, ки он ҳамкории дифоӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва зиддимухаддиротӣ, инчунин талошҳои муштаракро дар мубориза бар терроризм, «алалхусус бо назардошти хатарҳо ва таҳдидҳо аз қаламрави Афғонистон, ки дорои беш аз 1300 км сарҳади муштарак бо Тоҷикистон мебошад, зуҳуршаванда» дар бар мегирад.
Дар Тоҷикистон гурӯҳи калони доимии қӯшунҳои хушкигарди рус берун аз қаламрави Федератсияи Россия — пойгоҳи низомии 201-и Ҳавзаи марказии ҳарбӣ мустақар аст. Созишнома, ки соли 2012 дар Душанбе аз ҷониби вазирони мудофиаи Россия ва Тоҷикистон дар назди сарони ду давлат ба имзо расида буд, ҳузури низомиёни русро дар Тоҷикистон то соли 2042 пешбинӣ мекунад. Тамдиди созишнома пас аз адои ин муҳлат имконпазир мебошад.
Ин санад инчунин ба пойгоҳи Россия, ҳайати он ва аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ мақоми монанд ба мақоми кормандони маъмурӣ ва техникии намояндагиҳои дипломатиро пешбинӣ мекунад. Ин маънои дахлнопазирии ҳайати шахсӣ, аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин моликияти пойгоҳро дорад. Вазорати корҳои хориҷии Россия таъкид мекунад, ки пойгоҳ «сипари боэътимод дар роҳи паҳншавии экстремизм, терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир буда, омили муҳими субот ва амният дар минтақа аст, ки ба манфиати ҳамаи давлатҳои СААД ҷавобгӯ мебошад».
АКС аз URA.RU. Акс аз бойгонӣ








Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд






