То 13 феврал дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон боридани барф дар назар аст

Февраль 11, 2020 16:10

ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. То  13 феврали соли равон дар қисмати бештари минтақаҳои кӯҳии мамлакат барф борида, дар аксар маврид ин боришоти шадид сабаби лағзиши тарма ва резиши санг мешаванд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи бориши пуршиддати барфу борон дар роҳҳои мошингарди «Душанбе-Рашт – Лахш», «Душанбе – Чаноқ», «Шамсиддини Шоҳин – Ванҷ», «Хоруғ – Ишкошим» ҳаракати мошинҳо метавонад ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, шабонарӯзи гузашта дар километрҳои 47 – 100 роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ», ҳамчунин дар километрҳои 3 ва 4 роҳи «Лабиҷар-Сангвор» лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Барои тоза кардани роҳ аз тарма хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Innovative Road  Solutions (IRS) техникаи махсус ҷудо карданд. Дар айни замон роҳҳо пурра тоза буда, рафту омади  мошинҳо муътадил аст.

Барои таъмини бехатарии ронандагон ва мусофирон дар роҳҳои зимистона ва расонидани кумаки фаврӣ кормандони наҷоти Кумита ва ширкати IRS 53 ронанда ва мусофирони мошинҳои онҳоро, ки дар иҳотаи барф монда буданд, ба ҷойи амн интиқол дода,  бо ғизои гарм ва ҷойи хоб таъмин намуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар рӯзҳои сербориш аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ, анҷоми корҳои саҳро, шикор ва чаронидани чорво худдорӣ кунанд!

Февраль 11, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад