ВАЗИФАИ МУҲИМИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон пешгирии коронавирус таҳти назорати бевоситаи Пешвои миллат қарор дорад

Февраль 29, 2020 17:03

ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон барои пешгирии коронавирус чораҳои зарурӣ меандешад. То имрӯз  ягон ҳолати сироятёбии шаҳрвандони мо дар дохил ва хориҷи кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ин бора Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода дар гузориши худ зимни ҷаласаи Ҳукумат, ки 28 феврал доир шуд, изҳор дошт.

Насим Олимзода зикр намуд, ки дар муассисаҳои тиббии мамлакат бо сабаби  эҳтимоли сироят аз коронавирус 279 нафар, ки аз Чин омада буданд, дар ҳолати корантинӣ қарор доранд. 811 нафар аз теъдоди умумии дар карантинбудагон  аллакай рухсат шуданд. Пас аз 14 рӯз шаҳрвандони боқимонда, агар дар онҳо нишонаҳои коронавирус пайдо нашавад, метавонанд минтақаи карантиниро тарк кунанд. Ба гуфти вазир, табибон ҳатто пас аз рухсат ҳам вазъи саломатии онҳоро назорат мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки феълан масъалаи андешидани  тадбирҳои  иловагӣ бар зидди сирояти коронавирус, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифта шудааст, таҳти назорати бевосита ва махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Бо дастури бевоситаи Сарвари давлат дар мамлакат Ситоди миллии доимамалкунанда оид ба пешгирии коронавирус таъсис дода шуд, ки имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии он баргузор мешавад. Ба ҳайати ситод намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав; кумитаҳои амнияти озуқаворӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, Хадамоти гумрук, Агентии «Тоҷикстандарт», АМИТ «Ховар» ва дигар сохторҳо шомиланд.

ДАР АКС: Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода. Акс аз бойгонӣ

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори АМИТ «Ховар» менависад, ки вуруди шаҳрвандон аз Чин ба  Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, зеро ҳама парвозҳо аз Чин ба Тоҷикистон ва  аз Тоҷикистон ба Чин қатъ карда шудаанд. Назорат дар тамоми   фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат, дар ҳамаи 27 нуқтаҳои хурду калони гузаргоҳии сарҳадӣ дар марз бо кишварҳои ҳамсоя пурзӯр карда шуда, аз 2 то 5 мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологӣ дар ҳар кадоме аз онҳо онҳо ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мебаранд.

Тамоми нафарони ба қаламрави Тоҷикистон воридшаванда, на танҳо аз Чин, балки аз Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Эрон ва аз 25 феврал — аз Афғонистон ва Ӯзбакистон низ (зеро шаҳрвандони зиёд аз Кореяи Ҷанубӣ тавассути Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд) дар фурудгоҳ ва дар нуқтаҳои гузаргоҳӣ аз назорати санитарӣ мегузаранд — ҳарорати баданашон чен карда шуда, онҳо тӯли ду ҳафта дар ҳолати карантинӣ қарор мегиранд аз рӯи ҷои истиқомат ба қайд гирифта мешаванд.

Мақомоти марбута на танҳо рафту омади шаҳрвандон, балки гардиши молро низ ба таври қатъӣ назорат мекунанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ҳазор нусха маълумотнома ва тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро оид ба коҳиши хатари сирояти коронавирус барои шаҳрвандон интишор ва паҳн намуд. Мутахассисони вазорат дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ вохӯриҳо гузаронида, пайдоиш, роҳҳои гузариш ва усулҳои пешгирии коронавирусро бо аҳолӣ  мефаҳмонанд, байни иштирокчиён доир ба пешгирии коронавирус варақаҳо  паҳн менамоянд. Тадбирҳои мазкур ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба сироят ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷиҳати  пешгирии ин вирус равона шудаанд.

Барои таъмини амнияти миллии санитарӣ-эпидемиологӣ, фарогирӣ бо  карантин, дарёфти манбаъҳои хариди маводи яквақтаи муҳофизатӣ, дезинфексияҳо, таҷҳизоти ташхисӣ ва маводи хӯрокворӣ низ чораҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.

Дирӯз дар ҷаласаи Ҳукуматт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки мақомоти масъул назорати гардиши мол дар сарҳад, рафту омади шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва дигар ҳолатҳои эҳтимолии паҳншавии ин бемориро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. Зикр шуд, ки аҳолии кишвар бояд огоҳ  карда шаванд ва дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан, нафасгирӣ ва нишонаҳои шабеҳ шаҳрвандон боядҳатман  ба мутахассисони тиб  муроҷиат кунанд. «Тамоми муассисаҳои тиббии кишвар бояд барои пешгирӣ ва табобати коронавирус омода бошанд», — гуфтанд Пешвои миллат.

Ба ақидаи Сарвари давлат, назорати қатъӣ лозим аст. «Албатта, ҳамаи ин тадбирҳо ба иқтисодиёти мо таъсири манфӣ мерасонанд, аммо барои мо, тавре борҳо гуфтаам,  боигарии асосии давлат — саломатии аҳолии мост».

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар робита бо сар задании эпидемияи  коронавирус (2019-nCoV) дар соҳаи тандурустии ҷаҳон вазъи фавқулода эълон кард. Директори генералии ин созмон Тедрос Гебрейесус чанд рӯз пеш дар брифинги ҳаррӯза иқдомҳои якчанд давлатҳоро дар мубориза бо коронавирус зикр намуд. «Якчанд кишварҳое ҳастанд, ки дар ду ҳафтаи охир дар бораи ба қайд гирифтани ягон ҳодисаи нави сироятёбӣ аз коронавирус  хабар надоданд. Ҳамаи ин кишварҳо гуногунанд. Аммо мисоли онҳо гувоҳи он аст, ки чораҳои қатъӣ ба пешгирии паҳншавии беморӣ мусоидат менамояд», — гуфт Гебрейесус.

Февраль 29, 2020 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН. Созмони Милали Муттаҳид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз намуд
Дар Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид
Масъуд Пизишкиён: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунам»
Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба ҷашни Наврӯз даъват намуданд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
САДА, ИН ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ АСТ! Имсол ин ҷашни бостониро дар Тоҷикистон 25-26 январ ҷашн мегиранд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фарогири дастуру супоришҳо, нақшаву пешниҳодҳо ва стратегияву ҳисобот мебошад
ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб барои навхонадорон гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ шуд
МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст