Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал дар доираи сафари расмӣ ба Малайзия дар шаҳри Путраҷайя мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Сайфуддин Абдуллоҳ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Малайзия дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, фарҳангӣ, муборизаи муштарак ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ ва таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо роҳандозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба муҳим арзёбӣ карда, зарурати идомаи ройзаниҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат ва вусъат бахшидани ҳамкориро дар арсаҳои гуногун таъкид намуданд.
Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ








Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд






