Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: «Миёни 301 нафар шахсоне, ки аз Чин вориди Тоҷикистон гардидаанд, ягон нафар гирифтори коронавирус нест»
ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 301 нафар шахсоне, ки аз миёнаҳои моҳи январ то имрӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятии мамлакат бистарӣ гардида, таҳти назорати бевоситаи табибон қарор доранд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ овозаҳоро дар мавриди он ки гӯё дар байни бистаришудагон гирифторони коронавирус ошкор шудаанд, рад намуда, иттилоъ медиҳад, ки миёни онҳо сироятёфтагони ин навъи вирус ба қайд гирифта нашудаанд.
Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Нафарони бистаришуда асосан донишҷӯён, тоҷирон ва кормандони ширкатҳои чинӣ мебошанд. Ин нафарон дар беморхонаҳои сироятии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи пойтахт давоми 14 рӯз бистарӣ гардида, дар ин муддат бо касе дар иртибот нахоҳанд шуд ва дар ҳолати ошкор гардидани коронавирус шахси сироятёфта ба ҳуҷраҳои махсус интиқол дода хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки шахсони аз кишвари Чин ба Тоҷикистон воридшуда танҳо бо мақсади пешгирии сирояти эҳтимолии коронавирус дар мамлакат дар беморхонаҳои сироятӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки то кунун сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо чораҳои пешгирии ин вирус роҳандозӣ карда шуда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати ошкор ва пешгирии сирояти коронавирус дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат корҳои назоратиро пурзӯр намуда, корҳои омодагӣ ва пешгирикунанда дар ин самт идома доранд.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






