Як гурӯҳ волидайн барои шиносоӣ бо шароити хизматии фарзандон аз қисмҳои ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД дидан карданд

Февраль 26, 2020 09:35

ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ падарону  модарон барои дидорбинӣ ва шиносоӣ бо шароити хизматии фарзандони худ ба қисмҳои ҳарбии 3502 ва 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд. Волидон  муҳити тозаву озода, ободу сарсабз, шароити хобу хӯрок, ороиши ҳудуди қисми ҳарбии мазкур ва нуқтаҳои мутобиқ ба хизмати аскарии  сарбозонро дида, хушҳол гардиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, волидон на танҳо аз дидори писарони ҷасури худ ифтихору шодмонӣ  доштанд, инчунин аз ободии Ватан ва ваҳдату ҳамдилии сарбозон, ки  аз гӯшаҳои гуногуни  мамлакат  ба хизмати Модар-Ватан омада, қарзи фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд, изҳори қаноатмандӣ  мекарданд.

«Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо мақсади шиносоии волидон аз шароити буду бош ва хизмати сарбозон дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ утоқҳои махсуси дидорбинӣ ва вохӯрии сарбозон муҳайё карда шудааст.

Волидону наздикон ва оилаҳои сарбозон метавонанд дар лаҳзаҳои барояшон мувофиқ ба дидорбинии сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ биоянд»,-афзуд манбаъ.

Шиору овезаҳо, гӯшаҳои тартибдодашудаи оинномаву низомномаҳои ҳарбӣ дар ҳудуди қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД далели он аст, ки воқеан ҳам дар муддати хизмат сарбозон бо аз худ кардани донишҳои ҳарбию техникӣ ва дигар ҳунарҳо соҳибихтисос гардида, ба назди волидон бармегарданд.

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ шараф ва ифтихору нишонаи ҷавонмардӣ буда, барои тарбияи рӯҳию ҷисмонӣ ва сайқали тафаккури ҷавонон мактаби бузург аст.

Воқеан ҳам хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони бовиқору ватандӯст аст.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ  ба ифтихори 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ зикр намуданд, ки «роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомиро зарур аст дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат доир ба роҳу усулҳои баъди адои хизмати ҳарбӣ ҳавасманд кардани сарбозон чораҷӯӣ намоянд.

Дар иртибот ба ин, супориш дода мешавад, ки барои ин гурӯҳи шаҳрвандон имтиёзҳои муайян, дар навбати аввал, ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат, бидуни озмун шомил гардидан ба коллеҷу литсейҳо ва аз рӯи ихтисос бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо муқаррар карда шаванд.

Зимни ба вазифаҳои масъули давлатӣ қабул намудани ҷавонон адои хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сифати асосӣ ва мусбати хислатномаи онҳо ба назар гирифта шавад.

Инчунин минбаъд шаҳрвандон ба кор дар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо баъд аз адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ қабул карда шаванд».

Сарвари давлат ҳамчунин  таъкид намуданд, ки «мо бояд ба он мусоидат намоем, ки ҳар як сарбоз дар давраи хизмати ҳарбӣ илова ба гузаштани курсҳои махсуси тахассусӣ, инчунин касбу ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла ронандагиву дуредгарӣ, кафшергару сохтмончӣ, устои барқ ва таъмири мошинҳо ва забонҳои хориҷиро низ омӯзад, то баъди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ роҳи дурусти зиндагии худро пайдо карда тавонад».

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 26, 2020 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар