«ЗАМОНАТИ СИФАТИ РАНГ БАРОИ ПАНҶ СОЛ». Чунин зикр шудааст дар сарулибоси пахтагини дӯхти маҳаллӣ, ки истеҳсоли онҳоро ширкати «Ортекс» ба роҳ монд

Февраль 7, 2020 09:25

ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Нахустин маротиба дар Тоҷикистон либоси пахтагини дӯхти маҳаллӣ бо навиштаҷоти «Замонати сифати ранг барои панҷ сол» истеҳсол гардид. Ширкати «Ортекс» дар Тоҷикистон нахустин шуда чунин замонат медиҳад. Ҳоло шим ва пиҷакҳои зимистона  бо чаҳор ранги тира дар дӯкони махсуси ширкат дар шаҳри Хуҷанд ва фурӯшгоҳҳои Душанбе пешниҳоди муштариён гардидаанд. Вобаста ба талаботи бозор ширкат нақша дорад, ки шумораи маҳсулот, навъ ва рангҳои онро афзоиш дода, коллексияҳои баҳорӣ ва тобистонаро низ илова намояд.

Ин муваффақият баъди боздиди раҳбарияти ширкат аз  бузургтарин  намоишгоҳи  таҷҳизоти нассоҷиву дӯзандагӣ – «ITMA-2019», ки моҳи июни соли гузашта дар шаҳри Барселона доир шуд, ба даст омад. Ширкати «Ортекс» аз Испания бо таҷҳизоти рангпардозии лаборатории «Gester» баргашт ва онро дар корхонааш дар шаҳри Хуҷанд насб кард. Таҷҳизоти нав ба ширкат имконият медиҳад, ки технологияи замонавии рангпардозиро аз худ кунад ва нахустин ширкати ватанӣ бо чунин замонати устувории ранг барои маҳсулоташ гардад. Маҳсулоти химиявӣ ва рангуборкуниро  «Ортекс»  аз  ширкати «Бецема»-и Шввейцария меорад.

Директори ширкати «Ортекс» Абдурозиқ Орипов мегӯяд, ҳар ширкате, ки мехоҳад мавқеяшро дар бозорҳои берунӣ мустаҳкам гардонад, бояд ин гуна таҷҳизоти замонавиро соҳиб шавад, то боварӣ ва эҳтироми муштариёнро ба даст орад. Ӯ афзуд, ки «мо метавонем барои расидан ба ҳадафҳои саноатикунонии мамлакат саҳм гузорем. Ҳамчун истеҳсолкунандаи либоси пахтагин мо мақсад дорем, то ҳамватанони худро бо либосҳои босифат ва зебо таъмин карда, мавқеи худро низ дар бозорҳои минтақавӣ устувор гардонида, нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун давлати истеҳсолкунандаи либосҳои босифат дар хориҷа баланд бардорем».

Ширкати  «Ортекс» соли 2010 таъсис ёфта, либоси пахтагин истеҳсол мекунад ва онро умдатан дар дӯконҳои брендии худ ба фурӯш мебарорад. Корхона ба истеҳсоли куртаву шим, пиҷак ва дигар либосҳои мардонаву кӯдакона аз матои ҷинс ва махмал барои чор фасли сол машғул аст. Соли 2019 дар муқоиса бо соли 2018 истеҳсолоти ширкат 15 фоиз ва фоидааш 20 фоиз боло рафт.

Февраль 7, 2020 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд