Чойхонаи «Харбуза» Маркази бузурги омода намудани оши палави тоҷикӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 18.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик дар Чойхонаи муҳташами миллии «Харбуза», воқеъ дар шаҳри Ҳисор Маркази бузурги омода намудани оши палави тоҷикӣ ба фаъолият шурӯъ менамояд. Чойхонаи миллӣ соли 2015 ба ифтихори ҷашни 3000-солагии Ҳисор дар масоҳати 4,7 гектар дар шакли харбуза бунёд гардида, баландиаш 43 метр, дарозиаш 100 метр ва бараш 55 метрро ташкил медиҳад. Он дар ҷаҳон назир надорад ва дар як вақт ба 2,5 ҳазор нафар меҳмон хизмат мерасонад.
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар ҷамъи намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки «бо мақсади ташкили Маркази омода намудани оши палави тоҷикӣ ният дорем беҳтарин ошпазҳои касбиро аз саросари ҷумҳурӣ ҷамъ намоем, то ба мизоҷон ва дигар меҳмонони хориҷӣ, ки ба шаҳри Ҳисор меоянд, дар сатҳи баланд хизмат расонанд».
«Ин иқдом дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардида, ҳадафаш муаррифии ҳар чӣ бештари таомҳои миллӣ, хусусан оши палави тоҷикӣ ба сайёҳону меҳмонони дохилию хориҷӣ мебошад»,- афзуд Шарифҷон Ҷумъазода.
Мусаллам аст, ки оши палав, ки онро шоҳи таомҳо ҳам ном мебаранд, таоми миллӣ ва дӯстдоштании мардумони осиёӣ, бахусус тоҷикон аст. Калимаи палав таърихи қадимӣ дошта, ифодаи «пал» дар забони авастоӣ номи растаниеро дорад, ки дар об нашъунамо мекунад. Дар забони суғдӣ ҳам бо чунин маъно ба кор меравад ва ҳатто дар гӯишҳои маҳаллӣ калимаи «пал» тағйири маъно карда, имрӯз «ҷойи кишт» ва «гӯшае аз киштзор»-ро мефаҳмонад.
Яъне, решаи калимаи «палав» аз номи рустанӣ, ки дар об мерӯяд, гирифта шудааст. Палав аз ҳосили рустании обӣ – биринҷ ё шолӣ пухта мешавад. Оши палав дар радифи таоми бомаза будан, ҳамзамон хусусияти сарҷамъкунию муттаҳидкунӣ дошта, омили таҳкимбахши дӯстию бародарӣ, рафоқату садоқат ва вафодории инсонҳо дар атрофи як хон мебошад. Аз ин рӯ, тоҷикон оши палавро дар тӯйю маъракаҳо барои меҳмонон, ҷашну идҳои миллӣ, инчунин дар рӯзҳои истироҳат барои аҳли хонавода тайёр менамоянд.
Мардуми тоҷик аз давраҳои қадим киштукори шолиро омӯхта, аз биринҷ хӯрокҳои гуногун тайёр мекарданд. Оши палав яке аз таомҳои дӯстдоштаю маъруфи мардуми тоҷик ва дигар миллатҳои Осиёи Марказӣ, ҷумҳуриҳои Қафқоз, баъзе давлатҳои Араб маҳсуб ёфта, дар ҳар минтақа тарзи тайёр кардани он гуногун аст. Ҳатто дар як ноҳияи хурд чанд намуди тайёр кардани оши палав вуҷуд дорад. Ҳикмати халқ мегӯяд: «Оши палав ҳар ҷо, пазанда ҷо-ҷо», зеро воқеан пазандаи оши палав, ки пайрави пири пазандаҳо асту оши бомаза мепазад, ҷо-ҷост. Гуфтан ҷоиз аст, ки палавпазӣ ва палавхӯрӣ ҷузъи муҳими фарҳанги мардуми моро ташкил медиҳад.








ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо






