65 нафар шаҳрвандони Чин дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе таҳти назорати карантинӣ қарор доранд

Март 5, 2020 09:31

ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон 65 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе таҳти назорати карантинӣ қарор доранд. Дар назар аст, ки қисме аз онҳо 5 март  пас аз ба охир расидани муҳлати карантинӣ ҷавоб дода шаванд. Дар ин бора сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои сироятӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Эркин Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф,  ҳолати ҳамаи нафарони дар карантин қарордошта хуб буда, дар онҳо то ҳол ягон нишонаи беморӣ дида нашудааст.

«Дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе зиёда аз 390 кат барои бистарӣ намудани бемориҳои сироятӣ мавҷуд  буда, шароит барои табобати бемориҳои вирусӣ муҳайё карда шудааст»,- афзуд Эркин Раҳмонов.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми тасдиқ шудани COVID-19 дар ягон нафар бемор ба ҳуҷраи махсус интиқол дода мешавад.

«Ин ҳуҷра бокс ном дошта, дар он тамоми қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ барои бемории ниҳоят хавфноки вирусӣ омода карда шудааст.  Ҳуҷраи мазкур вирусро аз паҳншавӣ  нигоҳ медорад ва дар он  ҳуҷра ҳавополои махсуси «филтрӣ» мавҷуд аст, ки вирусҳоро дар худ нигоҳ дошта, паҳн шудан намегузорад», — илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Ёдовар мешавем, ки  шурӯъ аз 31 январ беш аз 240 нафар шахсони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон омада дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе ба муддати 14 руз ба карантин фаро гирифта шуда, ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Март 5, 2020 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад