Ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр ба шодӣ гузаронад
ДУШАНБЕ, 21.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бошукӯҳ таҷлил гардид. Дар он ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хайриддин Усмонзода, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Темурзода, шоир ва адабиётшинос Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи мазкур хабар доданд.
Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ ҳамагонро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, гуфт, ки мутафаккири бузург Абурайҳони Берунӣ Наврӯзро «пешонии сол» ҳисобида, ин ойини мардумиро оғози эҳёи табиат, омили баракати заҳмати деҳқон ва фаровонии хони мардум медонад. Абурайҳони Берунӣ мефармояд, ки «Наврӯз нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ, аз ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст, он чи аз паси ӯст, аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳост». Наврӯз дар забони арабӣ ба ду сурат зикр шудааст: «ҳам ба чеҳраи мутадовили форсии он «Наврӯз» ба кор рафта ва ҳам ба гунаи муарраб «Найрӯз» истеъмол шудааст.
Наврӯз вожаи мураккаб буда, аз ду ҷузъ — «нав» ва «рӯз» ташкил шудааст ва ҳамон гуна, ки дар фарҳангҳои тоҷикӣ- форсӣ ифодаи маъно мекунад, мафҳуми «рӯзи нав» аз он бармехезад ва бар нахустин рӯз аз нахустин моҳи соли хуршедӣ тааллуқ мегирад. Дар ин рӯз, онгоҳ ки офтоб ба бурҷи барра интиқол меёбад ва фасли баҳор оғоз мегардад, рӯзи наве аз соли ҷадид низ шурӯъ мешавад. Асли паҳлавии ин вожа «нук руҷ» ё «нӯг рӯз» будааст.
Ҳамзамон Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» мефармояд: «Сабаби ном ниҳодани «Наврӯз» он аст, ки офтоб дар сесаду шасту панҷ шабонарӯз ба рубъи аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон ба ӯ иқтидо карданд. Чун он вақтро подшоҳони Аҷам дарёфтанд, аз баҳри бузургдошти офтоб онро нишона карданд ва он рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд. Бар подшоҳон воҷиб аст ойину расми мулукро ба ҷой оранд, аз баҳри муборакӣ ва баҳри таърих ва хуррамӣ кардан дар аввали сол. Ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр ба шодӣ гузаронад ва ин таҷрибатро ҳукамо аз болои подшоҳон кардаанд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хайриддин Усмонзода иброз дошт, ки Наврӯз ба унвони ҷашни фарогири миллӣ ва мардумӣ солҳост, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҷлил қарор мегирад ва ба таври шоиста доир кардани маросими ҷашнӣ, махсусан дар муҳитҳои илмию маданӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ин рӯ таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аз авлавиятҳои ихтисосӣ, ҳунарӣ ва маданӣ маҳсуб мешавад.








«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд






