Ҷашни Наврӯз дар Иркутск: 150 кг суманак тақдими иштирокдорон гардид
ДУШАНБЕ, 23.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти бонувони фаъоли тоҷик дар Иркутск бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз маъракаи пушукӯҳи идона оростанд, ки он писанди халқиятҳои гуногуни мукими ин шаҳр гардид.
Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, бонувони тоҷик то рӯзи ҷашн алаккай сабзаи суманакро, ки рамзи асосии Наврӯз аст, омода карда буданд. Онҳо аз рӯи таомули тоҷикӣ дар рӯзи ҷашни Наврӯз суманаки хушлаззат пухтанд, ки он 150 кг –ро ташкил медод. Суманакро ба ҷашнгоҳ оварда, онро чун туҳфаи наврӯзию хӯроки серғизои баҳорӣ ройгон ба мардум тақдим карданд.
Сипас бонувони тоҷик дар толори васеи фарҳангии Иркутск намоиши театрӣ баргузор намуданд. Тавассути ин барномаи фарҳангӣ намунаеро аз расму оинҳои наврӯзии миллати тоҷик ба иштирокдорон пешниҳод карданд.
Тавре роҳбари Ҷамъияти бонувони фаъоли тоҷик дар Иркутск Лола Павловна изҳор дошт: «мақсади мо ҷалби бештари бонувони тоҷик ба маъракаҳои муҳими давлативу фарҳангӣ ва муаррифии миллати тоҷик дар ин минтақаи Федератсияи Россия мебошад. Аз ин лиҳоз, ҷамъити мо ҳамеша дар ҳама ҷашну чорабиниҳои миллию давлатӣ фаъолона ширкат мекунад. Мо кӯшиш мекунем, ки тавассути ин барномаҳои фарҳангӣ миллати тоҷикро ҳамчун як мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддун, соҳибилму соҳибҳунар ва Тоҷикистони азизро ҳамчун як давлати ободу пешрафта муаррифӣ кунем. Ногуфта намонад, ки дар амали наҷиб ба мо Ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Иркутск пайваста кумак мерасонад».
«Бонувони тоҷик агарчӣ дур аз Ватан ҳам бошанд, бо фаро расидани баҳору Нарӯзи Аҷам кӯшиш мекунанд расму оинҳои миллӣ, аз қабили суманакпазӣ, омода намудани таомҳои миллӣ, гӯлдузиву зардузӣ, сӯзаниву бофандагӣ ва монанди инҳоро, ки хоси мардуми тоҷик аст, ба анҷом расонанду ба халқиятҳои гуногуне, ки дар Иркутск кору зиндагӣ мекунанд, пешниҳод созанд. Ба ин восита онҳоро бо расму анъанаҳои хоси мардуми тоҷик шинос намоянд”,- афзуд Лола Павловна.
Тамошобинон ва ҳайати ҳакамон ба намоиши наврӯзии бонувони фаъоли тоҷик дар Иркутск ва таомҳои миллӣ, бахусус суманаки баҳои баланд дода, онҳоро сазовори мақоми аввал донистанд. Иштирокчиёни дигар низ бо мукофот ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






