Дар Бонки миллии Тоҷикистон Наврӯзи Аҷамро бо ҷаласаи идона ва намоиши либосҳои миллӣ таҷлил карданд

Март 20, 2020 13:02

ДУШАНБЕ, 20.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни байналмилалии Наврӯз  дар Бонки миллии Тоҷикистон бо баргузории ҷаласаи идона ва озмуни намоиши либосҳои миллӣ таҷлил гардид.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова зикр кард, ки Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз буда, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагӣ, ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам овардааст.

Зикр шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ  ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар баробари ҷашни Истиқлолият муҳимтарин ҷашни миллии мо эълон шуда, ҳамасола бо шаҳомати хос дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.

Ҳамчунин моҳи феврали соли 2010 бо кӯшиш ва ташаббуси Пешвои миллат иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва ин ҷашни фархунда ба иди ҷаҳонӣ табдил ёфта, акнун дар тамоми ҷаҳон таҷлил мешавад.

Гуфта шуд, ки ҳар ҷашну маросими мардумӣ ҳикмат ва баракате дорад. Хусусан дар айёми Наврӯз, ки зиндагию рӯшноӣ, некию накукорӣ, сулҳу созандагиро меситояд ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад, баргузории ойинҳои ҷуфтбаророн, хонабаророн, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, аёдати беморон, ёд кардани гузаштагон, навозиши сари ятимону бепарасторон, хайру эҳсон ба ниёзмандону дармондагон ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Таҷлили Наврӯз  дар Бонки миллӣ бо баргузории озмуни намоиши либосҳои миллӣ анҷом ёфт, ки дар он кормандбонувон либосҳои миллӣ ва анъанавии мардуми тоҷик- атлас, адрас ва чаканро ба намоиш гузоштанд.

Ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Март 20, 2020 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд