Дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилии Наврӯз дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ бо доираи васеи паҳлавонони маъруфи тоҷик аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар сатҳи баланду хотирмон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 500 нафар паҳлавонон миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон байни ҳам рақобат намуданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар», ки шоҳиди ин мусобиқа буд, хабар медиҳад.
Ба иттилои номбурда, қувваозмоиҳо дар вазнҳои мухталиф сурат гирифта, паҳлавонони шинохта ба даври ниҳоӣ роҳхат ёфтанд. Ду паҳлавони ҷавони тоҷик- Азиз Рамазонов ва Саидмухтор Расулов, ки ҳарду қаҳрамони Тоҷикистон дар вазни 73 кг-и гӯштини дзюдо мебошанд, назар ба дигар рақибони ҳамин вазн гӯштини хуб нишон дода, маҳорати паҳлавонии худро манзури тамошобинон гардониданд. Дар рақобати миёни гаронвазнҳо ду паҳлавони шинохтаи тоҷик- Саидҷалол Саидов ва Фарёд Шайхов миёни ҳам сабқат карданд.
Сабқати ин ду гӯштингири шинохта қариб 8 дақиқа давом ёфта, дар охир ғолибро муайян накард, аммо мухлисон шоҳиди гӯштини зебо гардиданд. Дар хотима ба варзишгарони беҳтарин туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.
Барои тамошои мусобиқаи мазкур аз тамоми гӯшаву канори мамлакат мухлисону ҳаводорони ин навъи зебои варзиши аҷдодӣ ҷамъ омада буданд. Мусобиқаи мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара роҳандозӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки 21 март ба ифтихори таҷлили ҷашни ниёгонамон- Наврӯзи хуҷастапай бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи пойтахт Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт — 2020» баргузор мешавад. Дар он ширкати беҳтарин паҳлавонони мамлакат аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМБК дар назар аст.
Ғолибонро туҳфаҳои арзишманд ва ғолиби вазни мутлақро Шоҳҷоиза – мошини сабукрав интизор аст.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






