Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн Фестивали мӯд-2020 баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 19 март таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» Фестивали мӯд-2020 баргузор гардид.
Фестивали мазкур бо мақсади рушди бозори касбу ҳунар, санъат, нигоҳдории анъанаҳои миллӣ доир гардида, дар он донишҷӯёни Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб, Донишкадаи технологии шаҳри Душанбе ва Коллеҷи рассомии ба номи М. Олимов иштирок намуданд.
Донишҷӯён дар тарҳи либосҳои офаридаи хеш аз матоъҳои рангоранги миллӣ бо услуби замонавӣ истифода намуданд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта шуд.
Ба андешаи иштирокдорони Фестивал, либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст. Либоси миллии мо дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накарда, рушд ёфта, боз ҳам шинамтар гардидааст.
Бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот ва ҳунурҳои мардумӣ дар мамлакат таваҷҷуҳи одамон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост, аз ин рӯ зан-модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб мешавад.
Дар офаридаҳои донишҷӯён зимни намоиш гулдӯзии чакан бештар дида мешуд. Зеро пироҳани чакан рамзи рангорангии ҳаёт ва хушиҳои зиндагӣ буда, дар он гўё гулҳои рангоранги табиати зинда бо таровати хосса хеле ҷаззобу назаррабо ба ҷилва меоянд.
Мояи ифтихор аст, ки яке аз либосҳои миллии тоҷиконаи мо- гулдӯзии чакан ба номинатсияи мероси фарҳангии созмони ЮНЕСКО ворид гардидааст. Чакан ва чакандӯзӣ ҳунари мардуми ҷануби Тоҷикистон буда, дар он фалсафаи либос ва ашёи дигари рӯзгор истифода мешавад. Аҷдодони бузурги мо- ориёиҳо офтобро муқаддас дониста, онро ҳамчун рамзи меҳр истифода мебурданд. Дар пироҳанҳои чакан «косагул» бештар гулдӯзӣ мешавад, ки он аз таърихи куҳан доштани чакани тоҷикон шаҳодат медиҳад.
Дар фарҷом ба иштирокдорони фаъоли Фестивали мӯд-2020 диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ тақдим гардиданд.










Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






