Дар ноҳияи Ёвон 11 иншооти таъйиноташон гуногун ба истифода дода шуданд
ЁВОН, 30.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳашт ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон бо иштироки раиси ноҳия Ҷамшед Саидзода ва меҳмонону дигар масъулини мақомоти иҷроия 11 иншооти таъйиноташон гуногун, ки аз тарафи соҳибкорони ватандӯст бунёд гардидаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Мудири шуъбаи рушди итимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар арафаи таҷлили ҷашнҳои таърихӣ майдончаи варзишӣ барои футболи хурд дар деҳаи Якуми май ба маблағи 120 000 сомонӣ бо саҳми соҳибкор Сафаралӣ Султонов, мағозаи 2-қабата дар деҳаи Наврӯзӣ бо саҳми соҳибкор Баҳодур Муқимов ба маблағи 77 000, мағозаи 2-қабата дар деҳаи Бошқайнар бо саҳми соҳибкор Баҳром Муртозов ба маблағи 62000 сомонӣ, майдончаи варзишӣ барои футболи хурд дар деҳаи С.Шерозӣ бо саҳми соҳибкор Баҳриддин Тураев ба маблағи 123 000 сомонӣ, майдончаи варзишӣ барои футболи хурд дар деҳаи С.Шерозӣ бо саҳми соҳибкор Алихон Сатторов ба маблағи 133000 сомонӣ, дорухона дар деҳаи Фирдавсӣ бо саҳми соҳибкор Юсуфҷон Ҳикматов ба маблағи 65000 сомонӣ, майдончаи варишӣ барои футболи хурд дар деҳаи Анористон бо саҳми соҳибкор Лоиқ Қурбонзода ба маблағи 155000 сомонӣ, хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Оби Мӯкӣ бо саҳми оилаи Алиевҳо ба маблағи 180000 сомонӣ, панҷ синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №67 ба маблағи 140000 сомонӣ бо саҳми маҳал ва 60000 сомонӣ саҳми сокини деҳа Маъруф Қаҳҳоров бо ташаббуси соҳибкорону сокинон бо таъсиси зиёда аз 16 ҷойи кори доимӣ ба истифода дода шуданд, ки дар рушди иқтисодии ноҳия ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони маҳал таъсири хуб мерасонанд.
Аз 341 иншооте, ки бунёди онҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба нақша гирифта шудааст, то имрӯз 210-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Корҳои ободкорию созандагӣ дар ноҳия бомаром идома доранд.








БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид






