Дмитрий Кабитский: «Интихобот бо ширкати васеи шаҳрвандон ба чашм мерасад. То ин соат ман ҳамчун мушоҳиди байналмилалӣ шоҳиди ягон қонуншиканӣ нагардидам»

Март 1, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 01.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мушоҳиди байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Дмитрий Кабитский, ки дар  участкаи интихоботии №5 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  воқеъ дар бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1   ҷараёни интихоботро  мушоҳида мекард, дар суҳбат  ба хабарнигори АМИТ “Ховар” зикр кард, ки «интихобот дар фазои ором баргузор гашта истода, дар он  ширкати васеи шаҳрвандон ба чашм мерасад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сол то сол сатҳи боварии мардум ва сатҳи дониши сиёсии онҳо боло меравад, зеро онҳо аҳамияту зарурати иштирок дар интихоботро ба хубӣ дарк карда истодаанд. Бояд гуфт, ки то ин соат  ман ҳамчун мушоҳиди байналмилалӣ шоҳиди ягон қонуншиканӣ нагардидам».

Интихобкунандагони участкаи интихоботии №5 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  субҳи барвақт бо рӯҳияи идона барои овоздиҳӣ ба номзадҳои арзанда ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳозир гардида, ҳар як нафар ба номзад ва ҳизби арзандаи худ овоз дода истодаанд.

Дар шаҳри Душанбе шурӯъ аз соати 6:00-и имрӯз бо садо додани Суруди миллӣ дар тамоми ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ маъракаи овоздиҳӣ ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ оғоз гардид.

Дар ҳудуди участкаи мазкур 779 нафар дар рӯйхати интихобкунандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 17 нафар маъюбу бистарӣ ва 5 нафар овоздиҳандагоне мебошанд, ки бори аввал дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок мекунанд.

Тибқи иттилои раиси участкаи интихоботии рақами 5 Абдуқодир Абдуллоев, нафароне, ки дар ин маърака  иштирок карда наметавонанд, барои чунин шахсон қуттиҳои сайёр омода карда шудаанд. Дар айни ҳол ду нафар узви комиссияи участкавӣ бо қуттиҳои сайёр ба маҳалли зисти онҳо рафта, овозашонро мегиранд.

То муддате, ки мо дар ин участка қарор доштем, сокинони зиёде бо рӯҳияи идона, маданияти баланд ва пуштибонӣ аз сиёсати давлату ҳукумати мамлакат дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок доштанд.

Сокини 18-солаи пойтахт Меҳрбону Сироҷиддинова, ки бори аввал дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок карда, овози худро ба вакили арзанда додааст, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «ман бори аввал дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок дорам. Бо таассуроти зиёд ва рӯҳияи болида ба участкаи интихоботии рақами 5 омадам ва барои ободии Тоҷикистон  ба вакили арзандаи худ овоз додам. Умедворам, ки номзадҳои арзандаи халқи тоҷик дар оянда барои ободии Ватанамон хизмат хоҳанд кард».

Ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳими сиёсиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 230 нафар нозирони байналмилалӣ мушоҳида менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  то соати 20:00-и шаб идома меёбад.

Март 1, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд