«Доналд Туск: Табиати дилфиреби Тоҷикистон маро дар ҳайрат гузошт», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Март 12, 2020 14:30

ДУШАНБЕ, 12.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  «Табиати дилфиреби Тоҷикистон маро дар ҳайрат гузошт. Ҳеҷ тасаввур карда наметавонистам, ки Тоҷикистон дорои чунин мавзеъҳои зебою дилрабо аст. Дар ҳақиқат, Тоҷикистон биҳишти рӯи Замин аст. Инро вақте эҳсос мекунӣ, ки аз наздик ин кишвари афсонавиро мебинӣ», — бо чунин суханони Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск оғоз шудааст шумораи навбатии нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (нашри 5 март, №48, 23 903).

Дар ҳамин шумораи рӯзнома дар баробари Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ, маводи сершуморе оид ба Рӯзи Модар, иди матбуоти тоҷик, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, натиҷагирӣ аз интихоботи парлумонӣ, бунёдкориву созандагӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат ба нашр расидаанд.

Дар саҳифаи аввали «Ҷумҳурият» (нашри 10 март, №50 23 905) матни пурраи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар ва гузориш аз раванди иштироки Сарвари давлат дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар манзури хонандагон гардидааст.

«Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад.

Аз ин рӯ, модар барои фарзанд ҳам умеду орзу, ҳам қалбу рӯҳ, ҳам дармони ҷисму ҷон, яъне меҳрубонтарину ғамхортарин ва муқаддастарин шахс мебошад.

Беҳтарин туҳфа барои модар на гулу гулдаста, на молу сарвати дунё, балки хушбахтиву саломатии фарзанд ва як меҳрубониву навозиши ӯ мебошад», — омадааст дар суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Модар.

Инчунин дар ин шумораи «Ҷумҳурият» фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод намудан ва ба вазифа таъйин намудани баъзе аз роҳбарону масъулини вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба нашр расидааст.

Қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъбасти интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон ва эълони номзадҳои ба вакилӣ интихобгардида дар ҳамин шумораи «Ҷумҳурият» манзури хонандагон гардонида шудаанд.

Дар шумораи навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» (нашри 11 март, №51 23 906) зери сарлавҳаи «Истиқлолият ва рӯшноӣ» маводи таҳлилие нашр шудааст, ки ба қалами узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Абдуваҳоб Сӯфиев мансуб аст.

«Аз ободиву хуррамии кишварамон бо ҳаяҷон суҳбат мекунем, аз «Роғун» ва аҳамияти бузурги он дилпурона ҳарф мезанем, аммо камтар дарк мекунем, ки пойдевори асосии ин ҳама пешрафтҳо Истиқлолияти давлатист. Магар бе истиқлолият, бе хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ метавонистем, ки ба чунин рӯзгори пурсаодат расем? Ҳаргиз! »,- нигоштааст муаллиф.

Абдуваҳоб Сӯфиев дар маводи таҳлилии худ, ки маҳаки он таҳлили татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад, нигоштааст: «Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар натиҷаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат марҳилаи сифатан нави рушди соҳаи энергетика оғоз гашт ва дар ин давра неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2»,  марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе ва садҳо неругоҳҳои хурди барқи обӣ сохта шуданд. Ҳамзамон масъалаи таҷдиду навсозии иқтидорҳои мавҷуда ҳалли худро пайдо карда, дар ин замина таъмири неругоҳҳои «Норак», «Қайроққум», «Сарбанд» ва «Варзоб» шурӯъ гардид. Аллакай дар доираи таҷдиди НБО «Норак»  чархаи кории  агрегатҳои № 3 ва № 8 нав гардид ва тамоми таҷҳизоти дастгоҳи тақсимотии кушодаи 220 — кВ бо асбоби муосири элегазии ДТПЭ – 220 кВ ва  дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 500 — кВ  бо таҷҳизоти замонавии элегазии ДТПЭ – 500 — кВ  иваз гашта, бори аввал дар таърихи неругоҳ  дарбанди куравӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Сохтмони аввалин неругоҳҳои барқи обӣ ва инфрасохтори дигари соҳа  дар мамлакат аз солҳои сиюми асри гузашта шурӯъ гашта, аввалин неругоҳи барқи обии кишвар- НБО «Варзоб» охири соли 1936 бо иқтидори  3720 кВт ба истифода дода шуд».

Рӯзнома дар чор шумораи ҳафтаи гузаштаи худ садҳо хабару гузориш ва маводи таҳлилиро оид ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии фарҳангии Тоҷикистон нашр намуда, ҳамзамон дар рубрикаи «Ҷаҳон дар як сатр» хонандагони худро бо рӯйдоду воқеаҳои мухталифи олам ошно намудааст.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» дар шумораи нашри 7 март (№30 -4136) дар арафаи Рӯзи Модар зери сарлавҳаи «Иродаи шикастнопазир. Турсуной бо пойҳояш гулдӯзӣ мекунад» маводе нашр намудааст, ки аз ҳаёти як нафар зани сокини шаҳри Панҷакент нақл мекунад.

Хабарнигори рӯзнома ҳаёту фаъолияти Турсунойро чунин ба хонандагон пешниҳод намудааст: «Ӯ соли 1980 дар деҳаи Қӯштеппаи деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент ба дунё омада, хеле барвақт ятим монд. Маъюби гурӯҳи 1 мебошад. Аз моҳи апрели соли 2001 то декабри соли 2016 бошандаи Муассисаи давлатии «Хона — интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент» буд. Кормандони ин муассиса дар бораи ӯ хотираҳои нек доранд. Турсуной бо пой шероза (ҷиҳак) ва гулдӯзӣ мекунад.  Соли 2014 дар Намоиши ҳунарҳои мардумӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иштирок карда, соҳиби дипломи дараҷаи якум гардид. Чанд сол пеш собиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ӯ хонаи истиқоматӣ туҳфа кард ва ҳоло дар онҷо иқомат дорад».

Хонандагони «Садои мардум» имкон доранд дар шумораҳои инҳафтаинаи он оид ба муҳимтарин мавзӯъҳои мавриди назар — ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатикунонии мамлакат, раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳот, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра маводи сершумор мутолиа намоянд.

Нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета»  нашри 11 март, №11, 20 241) оид ба иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба  Рӯзи Модар гузориши муфассалба нашр расонидааст.

Бахшида ба  Рӯзи матбуоти тоҷик зери сарлавҳаи «Таджикской печати 108 лет» ва ба муносибати Рӯзи Модар таҳти унвони «Женщины и политика»  маводи тахлилӣ нашр гардидааст.

Инчунин хонандагони рӯзнома имкон доранд маводи сершумореро зери сарлавҳаҳои: «Приятно, когда тебя помнят», «Нестандартный женский подход к стандартизации» ва «Материнство – очень ответственная  и важная миссия»  мутолиа намоянд.

«Народная газета» маводи зиёдеро  бахшида  ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,   30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»  ва «5500 – солагии Саразм» ба нашр расонидааст.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар шумораи нашри  11 март, чоршанбе, №11 (1252) аз раванди баргузории ҷаласаи ҷамъбастии ситоди марказии пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузориши муфассал ба нашр расонидааст.

Рӯзнома навиштааст, ки барномаҳои аксарият номзадон аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сарчашма гирифта, дархосту пешниҳоди шаҳрвандон низ мавриди эътибор қарор гирифта буданд. «Зеро худи номзадҳо, ки як ҷузви фаъоли ҷамъият мебошанд, бо ормонҳои ҳар як шаҳрванди тоҷикистонӣ пеш аз ҳама хоҳони таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисоди миллӣ, тараққиёти соҳаи иҷтимоӣ, рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ дар кишвар будани ҷомеа огоҳанд ва бо мақсади расидан ба ин ҳадафҳо вориди рақобати интихоботӣ шуданд», — омдааст дар матлаби мазкур.

Гуфта мешавад, ки бино ба омори ситоди марказии пешинтихоботии ҲХДТ, дар маҷмӯъ аз 4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар интихобкунандагон, ки 86,4%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад, 50,4 дар сад ба тарафдории ҲХДТ раъй доданд. Номзадони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маҷмӯъ, 47 мандати вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои панҷ соли оянда ба даст оварданд.

Рӯзномаву ҳафтаномаҳои дигари даврии Тоҷикистон, аз қабили «Мароми пойтахт», «Халқ овозӣ», «Омӯзгор», «Бадахшон» «Ҳақиқати Суғд», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Боҷу хироҷ», «Чархи гардун», «Авиценна» ва ғайра оид ба муҳимтарин мавзӯъҳои мавриди назар — ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатикунонии мамлакат, раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳот, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра маводи сершумор нашр  намудаанд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Март 12, 2020 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд