«Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» — таҳти ин унвон дар Душанбе курси такмили ихтисос оғоз ёфт

Март 18, 2020 10:48

ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муовинони роҳбарони мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувинони вазирон, муовинони раисони кумитаҳои давлатӣ ва муовинони роҳбарони идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» курси такмили ихтисос ифтитоҳ гардид, ки то 21 март идома меёбад.

Тавре аз Академияи мазкур ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд, дар он Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, муовини ректори Академия Зулфия Аҳмадзода, директори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ Ибодат Ғанизода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ иштирок намуданд.

Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи хизмати давлатӣ  ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.

Пешвои миллат соҳаи хизмати давлатиро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими идоракунии самараноки давлат  номидаанд. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, сатҳу сифати дониш ва кордонии хизматчиёни давлатӣ дар ҳама зинаи мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Ба курси мазкур маърӯзачиёни асосӣ аз Академияи идоракунии давлатӣ, инчунин аз дигар вазорату идораҳои давлатӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар ҷамъбасти курс дар мавзӯи «Идоракунии ҳайат дар замони муосир: ҳолат ва дурнамо» бо иштироки роҳбарияти Академияи идоракунии давлатӣ, Агентии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор ҳамоиш доир мегардад.

Март 18, 2020 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид