Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро вобаста ба таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Россия эълон намуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2020. /АМИТ “Ховар”/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои соли таҳсили 2020/2021 вобаста ба таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Россия оғоз гардид. АМИТ “Ховар” матни пурраи эълони Маркази барномаҳои байналмилалиро манзури хонандагон мегардонад:
«Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон ва хоҳишмандон мерасонад, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои соли таҳсили 2020/2021 вобаста ба таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои:
Академияи давлатии ҳуқуқшиносии Саратов;
Донишгоҳи давлатии Оренбург;
Донишгоҳи давлатии техникии нафту гази Уфа;
Донишгоҳи давлатии Кемерево;
Донишгоҳи давлатии гуманитарӣ-технологии Орехово-Зуева;
Донишгоҳи давлатии роҳҳои алоқаи Шарқи Дур;
Донишгоҳи давлатии Олтой, Донишгоҳи давлатии технологии Олтой;
Донишгоҳи давлатии аграрии Мичуринск;
Донишгоҳи технологии Россия МИРЭА;
Донишгоҳи технологии алоқа ва информатика Москва ва дар доираи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” оғоз гардидааст.
Барои номнавис шудан хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода 47 муроҷиат намоянд.
Телефонҳо барои тамос: 223-23-59; 221-18-83″.








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






