Модари ду фарзанди маъюб Моҳистон Риоева: «Агар инсон меҳнат кунад, заҳмат кашад, ӯ соҳиби нони ҳалол ва шоистаи эҳтиром мегардад»

Март 7, 2020 09:49

ДУШАНБЕ, 07.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо арзи эҳтироми бепоён аз як зани маъюбе  аз ноҳияи Восеъ ёдовар шуданд, ки ба имкониятҳои маҳдуди ҷисмониаш нигоҳ накарда, муттакои шавҳари  барҷомондааш  шуда, фидокорона заҳмат мекашад, ҳосил мерӯёнад, рӯзгори хонаводаашро пеш мебарад ва бо ҳама мушкилоти ба сараш омада рӯҳафтода нест, ба зиндагию фардои неки фарзандон умед дорад. Медонад, ки давлату ҳукумати мамлакат дастгиру пуштибони ниёзмандонанд.  Оре, модари тоҷик дили бузург, азму иродаи қавӣ ва рӯҳи шикастнопазир дорад ва ин ҳама дар ҷанги шаҳрвандии  таҳмилӣ  бори дигар аён гардид.

Дар зер мо  қиссаеро  дар бораи яке аз чунин модарони матинирода, заҳматпеша ва ҳаётдӯст пешкаши хонандагон менамоем.   

Модар, чи вожаи муқаддасест. Модар- вақте ин номро ба забон меорӣ, кулли ғамҳо ба шодӣ табдил мёбанду мушкилҳо осон мешаванд. Бале, танҳо ин муъҷизаи  Офаридгор қодир аст, ки тамоми гарониҳои рӯзгорро ба дӯши худ ниҳода, шабзиндадорӣ намояд, гаҳвора ҷунбонад, алла бигӯяд, тифлашро ба по ниҳаду дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ рост намояд.

Яке аз чунин модарон Моҳистон Риоева, модари ду фарзанди маъюб мебошад, ки дар бозори Корвон ба пухтани таомҳои миллӣ машғул шуда, ризқу рӯзӣ меёбад.  Ӯ шашмоҳа аз падар ятим мондааст. Модараш дар гузашта говдӯши пешқадам, баъди марги падар  тани танҳо 7  фарзандонро ба воя расондааст.  Мутаассифона, Моҳистон низ тақдири модарро гӯё такрор карда.  Тафовут ин аст, ки  шавҳари ӯ  зинда аст, вале  Моҳистон  барои фарзандон ҳам падар буду  ҳам модар. Баъди оиладорӣ дар  рафтори шавҳар  бисёр ҳолатҳое буданд, ки ӯро ҳайрон мекарданд, азбаски ҷавон буд,  нафаҳмид, ки сабаб чист. Дертар, вақте бозорнишинӣ намуд, ба ӯ гуфтанд, ки шавҳараш  бемори рӯҳӣ  дорад, насиб ҳамин будааст гуфта, ба ин ҳам сабр кард. Вале  баъди тавлиди ду фарзанд дид, ки дигар  дар хонаи шавҳар барояш ҷой нест, ҳарчанд оиларо худ таъмин менамуд, зиндагӣ тоқатфарсо  гашт ва  онҷоро тарк намуд. Имрӯз чун модари хеш  нони ҳалол меёбад.

Гӯё қисмат Моҳистонро месанҷид, пайи ҳам, ду тифлак- писарча ва духтарак ба дунё омаданд. Танҳо баъди тавлиди фарзанди дуввум ӯ куллан дарк намуд, ки бемории шавҳар  рӯз аз рӯз вазнинтар мешавад ва дорую дармон дигар чора намекунанд. Бо ин ҳама,  нофаҳмию хархаша дар хонаи навбунёдаш  барояш чун сӯхта болои намакоб  буд.  Баъди панҷ соли оиладорӣ  аз шавҳар ҷудо шуда, хонаи арӯсиашро тарк мекунад.  Фарзандонашро, ки яке 3,5 ва дигаре 2-сола буданд, ба боғчаи кӯдакони ноқисулақл месупорад. Азбаски бародарон худ фарзандони зиёд доштанд, дигарбора хонаи падар нарафта, хонаеро ба  иҷора мегирад. Шабонгоҳ то бевақт  барои пухтани таомҳо омодагӣ мебинад- сабзӣ реза мекунад, картошкаву пиёз пӯст мекунад, ҳамчунин то 2 ҳазор дона манту пухта,  чашми рӯз накафида, роҳи бозорро пеш мегирад. Бояд гуфт, ки дар чунин рӯзҳои сангин модари мушфиқ дар паҳлӯи ӯ чун шаҳсутуне буд, ки гаронии рӯзгорашро ба дӯш мегирифт. Имрӯз ин зане, ки ҳаёт чун гирдоби дарё  давраш мегардонд,  соҳиби зиндагии осудаву шоиста, соҳиби эҳтирому эътимод гашта, аз чизе камӣ надорад.

-Ягона чизе, ки маро ғамгин месозад, вазъи саломатии фарзандонам аст,  дарди падар ба ҳарду асар кард, вале боз ҳам шукр мекунам, ки тавонистам онҳоро ба воя расонам. Ақли расо надошта бошанд ҳам,  беозоранд, ба касе зарар  намерасонанд. Зиёд мегуфтанд, ки онҳоро ба хонаи сағираҳо бисупор, аз пайи зиндагии худ бишав. Ҳатто шунидани чунин суханон бароям даҳшат буд, модаре, ки   фарзандашро тарк  созад, ӯ модар нест.  Охир модари ман моро баъди марги  шавҳар  напартофт ку, ҳамагӣ 37-сола буд ва ба ман ҳам ба ҳеҷ ваҷҳ  ҳатто   чунин фикрро иҷоза намедод.

Бояд гуфт, ки духтари Моҳистон- Фарзона, ки ҳамеша  ҳамроҳаш дар бозор аст,  воқеан як духтараки ситорагарми оромтабиат аст ва  кас ҳеҷ гумон намекунад, ки ӯ ноқисие дорад. Ҳатто ба модар ёрӣ мерасонад ва ҳар мизоҷро бо лаҳни хуш пешвоз мегирад. Агар худи Моҳистон намегуфт, мо ҳатто хабар намеёфтем, ки ӯ бемор аст. Ин ҳам хиради азалии модари тоҷик аст, ки фарзанди беморро низ тарбия карда метавонад.

Ҳангоми суҳбат Моҳистон  ёди он рӯзҳо карда, гоҳ ашк мерезаду гоҳ  табассуми шодмонӣ  гирди лабонаш ҳувайдо мегардад. Аз ҳама беш аз модар ҳарф мезанад. Агар модар намебуд, шояд ман бо кӯдакон нобуд мешудем, —  ба дуродур назар афканда мегӯяд ӯ.  Ин фариштаи парастор, домони меҳрашро аз ману  наберагонаш дур насохт, дасти дуояш мададгору  пандаш қутбнамои мо буд. Дар бар Модар буд, ки  лаб  ба шиква  накушодам,  сӯи касе дасти имдод дароз накардам, чашми нам ба касе нанамудам.

Кунун Моҳистон  шукронаи истиқлолияти ватани азиз  менамояд, шукронаи он дорад,  ки имрӯз дар ҷомеаи  озоди мо қадри модар дар мадди  аввал қарор дорад.  Хушнуд аст, чун ҳамагӣ зиндагии осуда дорем ва бе монеа думболи рӯзгори хеш меравем. Ӯ бо камоли қаноатмандӣ  чунин мегӯяд: “ Ман, чун як модари тоҷик, чун як шаҳрванди ин ватани дӯстдоштанӣ аз   Пешвои миллат хеле  миннатдор ҳастам, ки манзалати зан-модарро дар ҷамъияти мо ба авҷи аъло расондаанд. Ростӣ, бо он ҳама оқилӣ,  гуфторашон чун  андешаҳояшон  ончунон самимиву   одӣ аст,  ки ҳар ҳарф аз гӯш ба дил мерасад.  Маҳз хизматҳои шоистаи  Сарвари давлат ва ҳукумати мамлакат аст, ки мо, мардуми тоҷик имрӯз осмони соф ва зиндагии  арзанда дорем.  Ман бо фурсати муносиб  аз номи худ ва тамоми модарони ҷумҳурӣ  дар ҳаққи Сарвари ғамхорамон Эмомалӣ Раҳмон дуои модарона менамоям, то доимо рӯзгори бегазанд дошта, чун ҳамешагӣ   роҳнамое барои мо бошанд.  Мо, модарони тоҷик  низ бояд ҷомеасоз бошем, фарзандони  хуб ба воя бирасонем, то   фардо арзандаи ин марзу бум  шуда битавонанд. Охир, калиди  тарбияи  инсони комил  дар дасти модар аст”.

“Ҳар рӯз дар бозор одамони гуногунмиллат таоми моро тановул мекунанд ва мегӯянд, ки маҳз барои чунин хӯроки хушлаззат ба ин ҷо меоянд, — суханашро давом медиҳад  ин модар. — Мо занҳои бозорнишин рӯҳбаланд мешавем, ки ба ин восита таомҳои миллиамонро муаррифӣ менамоем. Боре марди сиёҳпӯсте, ки ҳамроҳаш тарҷумон дошт, манту фармоиш дод ва баъди хӯрдан зиёд миннатдорӣ намуда, гуфт, ки дасти модари тоҷикро барои чунин таоми хушлаззат бояд бӯсид. Ӯ пайваста савол медод, ки ин хӯрок чӣ гуна тайёр мешавад, масолеҳи он аз чӣ иборат аст, ки ин қадар бомазза аст. Пурсон мешуд, ки магар кулли занҳои мо чунин ҳунарманданд, магар хаста намешаванд ва магар ин гуна хӯрокҳоро дар якҷоягӣ омода месозанд ва ё як нафар ҳам метавонад кадбонугӣ намояд? Тарҷумон табассум менамуд ва мегуфт, ки модари тоҷик ба ҳама кор қодир аст. Русҳо низ мизоҷи ҳамешагии ман ҳастанд, баъзан оилавӣ меоянд, гоҳо ҳамроҳи худ ба хона хӯрок  мебаранд. Оилае аз Россия боре ба ман пешниҳод намуд, ки ҳамроҳи онҳо   ба кишварашон  сафар намоям. Ваъда доданд, ки дар аввал  бо ҷои хоб таъмин месозанд ва ҳуҷҷатҳоро барои бозорнишинӣ низ худашон дуруст мекунанд.

”Мардуми Шумо табиатан меҳнатқарин  ва покизакору чолоканд. Аз кор наметарсанд, агар чунин таомҳоро  ба ҳаммиллатони мо пешниҳод созед, дар як муддати кӯтоҳ соҳиби пулу моли зиёд мешавед. Ба мо хӯрокҳои миллии шумо, хӯришҳо ва  кулчаву  фатирҳои  бемислатон хеле писанданд…”,-гуфтанд ба ман.

Ҷавоби маро шунида, ҳайрон шуданд. Зеро ман миннатдорӣ баён намуда, гуфтам, ки “дар Ватан низ метавон ҳаёти гуворо дошт, агар инсон меҳнат намояд, заҳмат кашад, ӯ соҳиби нони ҳалол ва шоистаи эҳтиром мегардад. Ман дур аз Ватан рафтан намехоҳам, ҳатто дар лаҳзаҳои душвортарин, вақте фарзандон хурд буданд ва мо ҳатто  ҷои зист надоштем, борҳо аз ҷониби одамоне, ки ҳунарамро медонистанд, чунин пешниҳодҳо мешуданд, вале рад менамудам. Модарам мегуфт, ки фарзандонатро ба ман монда, бо дили пур бирав, кор карда  биё, ақаллан соҳиби як хонаи хурдакак бишавӣ, боз ҳам қабул накардам. Ва ҳамагӣ баъди як соли бозорнишинӣ ва меҳнати шабонарӯзӣ  хонаи якҳуҷрагӣ харидам. Вақте кӯдаконам калон шуданд, онро фурӯхта болояш пул зам намудам ва соҳиби  ҳавлӣ гардидем, фарзандонро ҳам оиладор намудам. Ормон шикастам,  модаркалон ҳам шудам. Набераамро Фаришта ном гузоштем, кош ин фаришта барои падар паёми солимӣ биорад. Агар инсон хулқи хубу меҳнати покиза дошта бошад,  метавонад дар ҳама ҷо  соҳиби касбу кор гардад,бахусус дар диёри биҳиштии мо, ки чор фаслаш офтобӣ асту заминаш пурсахо”.

…Мехоҳам доир ба шиносоиям бо ин зани  дарёдил   ва меҳрубон чанд сухан бигӯям. Баъди бозорӣ кардан мо ҳамроҳи хоҳарам хостем хӯрок тановул намоем, фурӯшандаҳо занеро нишон доданд ва гуфтанд, ки таомҳояш ҳам арзонанду  ҳам  хушлаззат. Дар як ҷои хурдакак зани кушодачеҳрае ҳамроҳи духтараке моро пешвоз гирифта, хӯрокҳояшро номбар  намуда, пурсид, ки чӣ мехӯрем?

-Ош ва манту,- ҷавоб додем мо.

Ҳанӯз манту то мо нарасида, аз куҷое пиразани камбағалнамое пайдо  шуд.

-Очаҷон, бибиам омад , -духтарак хандон сӯи модар ишора намуд.

  • Биё очаҷон, — фурӯшандаи хӯрок давида, дасти кампирро гирифт ва ӯро болои курсӣ шинонд.
  • Узр, акнун ман ба шумо манту дода наметавонам, боз хомшӯрбо, оши палав, картошкабирён дорам, ҳарчи хоҳед, марҳамат.

Аз  муносибати гарми ӯ  мо фикр кардем, ки зани солхӯрда воқеан    модари ӯст.

Баъдтар худи кампир ба мо гуфт, ки Моҳистон чанд сол аст, ки ба ӯ ва дигар шахсони бепарастор бе пул хӯрок медиҳад.

Ростӣ, хеле мутаҳаййир мондем. Зане, ки бо ду фарзанди маъюб танҳост, боз имкон меёбад, ки ба дигарон дасти кумак дароз намояд. Зане ки тақдир  душвориҳои зиёдро рӯ ба рӯяш гузоштаву ҳар замон озораш додааст, боз ҳам дили ӯро сангин насохтааст, ӯро шикаст надодааст  ва муҳим аз ҳама рисолати инсониашро гум накардааст.

-То ҳастам, дуои ҷонаш мекунам, мисли ман дар як рӯз чанд кас ба инҷо меоянд, то ҳол касеро ноумед накардааст. Бо ҳама меҳрубон аст, аз гармии гуфтораш дили мо ҳам гарм мешавад, амсоли хуршед аст барои мо, — бо овози аз ҳаяҷон ларзон нақл кард пиразани ҳамсуҳбати мо.

-Шумо дили бузург  ва дасти  хайру сахо доштаед, аҳсан, -гуфт хоҳарам ба ӯ.

-Ҳар кас ризқи худашро мехӯрад, одам бояд дар ҳама ҳолат инсон буданашро фаромӯш насозад. Дилам месӯзад ба ин тоифа одамон, баъзеашон фарзанд надоранд, баъзеи дигарашонро фарзандон фаромӯш кардаанд, дил хун мешавад аз дидани чунин лаҳзаҳо , — бо таассуф мегӯяд  Моҳистон.

Аз лаҳзаи шиносоӣ бо ин зани наҷиб  як сол сипарӣ шуд. Ҳар боре, ки тасодуф вомехӯрдем ё дар бозор медидемаш,  бори дигар ба меҳру шафқат  ва муҳаббати бекаронаш қоил мешудам. Суханаш ором, батамкин  ва сиришташ гӯё аз сабуриву сахо офарида шуда бошад.

Ҳамсояҳо низ дар борааш суханони нек мегӯянд. Аз нақли одамон фаҳмидем, ки баъзан  касони  дар беморхона хобида ҳам аз таомҳои хушлаззати ин зани ҳалим нӯши ҷон мекунанд.

Бале, чунинанд модарони мо, бовиқор монанди кӯҳҳои сарбаафлок  ва  нарм чун   қалби тифлон.

Моҳистон  Риоева модаронро бо идашон табрик мегӯяд ва орзу дорад, ки дарду доғи фарзандро набинанд. Модари шодравонашро  ёд  оварда,  ашк дидагонашро тар месозад   ва мегӯяд, ки  мо ҳеҷ гоҳ назди модар қарзи фарзандии худро адо карда наметавонем ва то ҳол сухане ҳам бузургиашро баён  насохтааст.

Модарам, чун гӯям аз баҳрат сухан,
Чун кунам тавсиф меҳрат бо қалам?
Ин забон оҷиз бувад дар ҳар замон,
То бузургиат бисозам ман баён.

 

Сабоҳати ХУДОЁРБЕК,
АМИТ  «Ховар»

Март 7, 2020 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»