Муовини Вазири корҳои дохилӣ Маҳмадсаид Саидзода ва Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон тақвияти ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 март зимни мулоқоти муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидзода бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдулазиз ал-Бодӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳарду давлат дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм ва дигар паҳлуҳои ҳамкории дуҷониба мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Маҳмадсаид Саидзода ба Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдулазиз ал-Бодӣ барои ҳамкории мутақобилан судманд изҳори миннатдории самимӣ намуд.
Зикр гардид, ки ин ҳамкорӣ аз муносибатҳои дӯстонаи Сарони ҳарду давлат маншаъ гирифта, ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро дар бар мегирад. Муҳаммад Абдулазиз ал-Бодӣ зикр кард, ки давлати Арабистони Саудӣ кӯшиш дорад, то ҳамкориҳои худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа бахшад. Зеро мардуми Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо ҳам дӯсту бародар буда, риштаи дӯстиву рафоқат миёни онҳо оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






