«Нақши матбуоти даврӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ҳамоиши илмӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик
ДУШАНБЕ, 04.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» рост меояд, бо ташаббуси шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши матбуоти даврӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ — оммавӣ баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзализода зикр кард, ки “матбуот сарчашмаи огаҳию маърифат ва муаррифии миллат буда, дар ҳаёту зиндагӣ ва тақдири халқу кишварҳо нақши муҳим мебозад. Фаъолияти босамари матбуот, заҳматҳои қаламкашон, инъикоси воқеъбинонаи онҳо сабаби болоравии огаҳию худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкору ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии кишварҳо мегардад”.
Ба андешаи Ҷумахон Файзализода, матбуоти тоҷик аз оғози фаъолият то ба имрӯз барои пешравии ҷомеа, фаъолияти хуби мақомоту муассисаҳо ва таҳким бахшидани давлатдорию пешравии мамлакат нақши босазо бозидааст. Дар ин росто, нақши рӯзномаву маҷаллаҳо, ки дар саҳифаҳояшон воқеоту рӯйдодҳо, мавзӯъҳои мубрами ҳаёти ҷомеа ва ҷаҳонро дар қолаби жанрҳои хабару гузориш, мақолаю мусоҳиба, очерку лавҳа, памфлету фелетон, тақриз ва ғайра инъикос месозанд, хеле назаррас аст. Дар замони соҳибистиқлолӣ теъдоди зиёди рӯзномаву маҷаллаҳо бо аҳдофи неку созанда арзи вуҷуд карда, дар тарғибу тадбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси дастовардҳо ва таҳкими истиқлолияти воқеии мамлакат, сулҳу ваҳдати миллӣ ва ободию пешравии Ватани маҳбубамон саҳми назаррас гузоштанд.
Айни замон ҳар ҳафта барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзмарраи хонандагон ба Китобхонаи миллӣ номгӯи зиёди рӯзномаву маҷаллаҳои тозанашр, аз ҷумла 39 номгӯй рӯзномаҳо бо нусхаҳои обунавӣ ва 29 номгӯй рӯзномаҳо бо нусхаҳои ҳатмӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 24 номгӯй маҷаллаҳо бо нусхаҳои обунавӣ ва 22 номгӯй маҷаллаҳо бо нусхаҳои ҳатмӣ ба забони тоҷикӣ, 1 номгӯй маҷалла бо нусхаи ҳатмӣ ба забони русӣ аз дохили мамлакат, 2 номгӯй рӯзномаҳо бо нусхаҳои обунавӣ ва 25 номгӯй маҷаллаҳо бо нусхаҳои обунавӣ аз хориҷи давлат қабул гардида, бо рақамгузории махсуси библиографӣ ба фонди умумии Шуъбаи матбуоти даврӣ ворид карда мешаванд.
Вазифаи асосии шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ ҷамъоварӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ ва муаррифӣ кардану пешкаши хонанда намудани нашрияҳо- ганҷинаҳои матбуоти миллат аст ва ҳамарӯза дар хизмати хонадагон қарор дорад.
Дар ҳамоиши илмӣ – оммавӣ муҳаққиқони соҳа, рӯзноманигорон ва муаллимон дар мавзӯъхои «Марҳилаҳои рушд ва вазъи имрӯзаи матбуоти даврии тоҷик», «Нақши нашрияҳои экологӣ дар баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа», «Бухорои шариф»- мудофеи ормонҳои миллӣ», “Мирзо Муҳиддин Мансуров ва таъсиси рӯзномаи “Бухорои шариф», «Нақши матбуот дар замони соҳибистиқлолӣ» ва ғ. маърӯза ва муҳокимаронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола ҷомеаи журналистии тоҷик иди касбии худро 11 март, ки ба рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ-«Бухорои шариф» рост меояд, таҷлил менамояд. Рӯзи матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5 май-рӯзи нашри нахустшумораи рӯзномаи «Правда» таҷлил мегардид ва соли 1994, пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парлумони мамлакат дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 11 мартро Рӯзи матбуоти тоҷик эълон намуд.
Агар ба таърихи матбуот нигарем, мебинем, ки барои таъсис ва ҷолибу пурмуҳтаво рӯи чоп омадани аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо равшанфикрони миллат, ба мисли устодон С. Айниву А. Лоҳутӣ ва дигарон заҳмати зиёд кашидаанд. Дар саҳифаҳои нахустин нашрияҳои миллат-«Бухорои шариф», «Овози тоҷик», «Шӯълаи инқилоб», «Самарқанд», «Ойина» ва ғайра зиндагиномаи халқи тоҷик инъикос ёфтааст. Имрӯз дар майдони матбуоти мамлакат садҳо рӯзномаю маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ба нашр расида, бо инъикоси мавзӯъҳои гуногун дар огаҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»








ТАЪРИХИ ВАТАНРО МЕОМӮЗЕМ! Имрӯз дар мавзеъҳои таърихии мамлакат Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар самти рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
«ДИДОР». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намоиши мусаввараҳои нодир ифтитоҳ ёфт
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус доир мегарданд
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУТАЛИ ҚАДИМ. Он таърих ва фарҳанги бостонии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид






