Наврӯз имсол дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯзи байналмилалӣ имсол ба Тоҷикистон — Ватани Наврӯз 20 март, соати 08:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ мерасад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИ ҶТ Гулчеҳра Қоҳирова иброз намуд.
Бино ба маълумоти олими тоҷик, тибқи ҷадвали астрономӣ, соли 2020 рӯзи 20 март, соати 03:50 дақиқаи вақти ҷаҳонӣ Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад.
«Лаҳзаи гузаштани Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ ба як сония баробар ҳаст. Инчунин дар ин вақт боз як падидаи ҷолиб- баробаршавии шабу рӯз ба вуҷуд меояд. Фосилаи вақти байни ду гузашти пайдарҳамии Офтобро аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ соли астрономӣ меноманд», — илова намуд номбурда.
Ба таъкиди доктори илмҳои физикаву техника Гулчеҳра Қоҳирова, Наврӯз — ин ҷашни соли нав аз рӯи тақвими шамсии астрономӣ барои мардуми Шарқ мебошад. Ин ҷашн анъанаи миллӣ буда, ба дин ягон вобастагӣ надорад. Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин дар таърихи башарият мебошад, ки онро дар Форс (Эрон) ва Осиёи Миёна аллакай то асри VII пеш аз мелод ҷашн мегирифтанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар».








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






