«Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» — таҳти чунин унвон дар Институти Осиё ва Аврупои АМИ ҶТ ҳамоиши илмию маърифатӣ доир гардид

Март 21, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 21.03.20. /АМИТ «Ховар»/. «Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» — таҳти чунин унвон 20 март  дар Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши илмию маърифатӣ доир гардид.

Ҳамоишро директори  Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмаҳмад Ниёзӣ ифтитоҳ намуд. Номбурда зикр кард, ки дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик Наврӯз ба сифати ҷашни муҳимтарини аҷдодӣ ва миллӣ шинохта шуд. Фаротар аз ин, он бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ки на танҳо ба  як қавм, як миллат, як нажод, балки бо қолабу шеваҳои гуногун дар зиндагии маросимии қавмҳои мухталифи башарӣ ва дар маҷмӯъ, инсоният мақоми устувор пайдо кардааст.

Дар ҳамоиш олимон, кормандон, аспирантон ва Шоири халқии Тоҷикистон Толиби Озарахш иштирок доштанд. Аз ҷумла,   сарходими илмии Институти мазкур, профессор Тоҷиддин Мардонӣ  дар мавзӯи «Наврӯз дар шеъри арабӣ», узви вобастаи АМИ ҶТ Мирзо Муллоаҳмад дар мавзӯи «Рамзҳои Наврӯз»,  профессор Ҳабибулло Раҷабов — «Анъанаҳои наврӯзӣ дар Ҳиндустон», профессор Олимҷон Хоҷамуродов — «Наврӯз дар Эрон», д.и.т Санавбар Воҳидова — «Баҳори Аврупо», номзади илмҳои филологӣ Субҳиддин Зиёев — «Бозтоби Наврӯзу баҳор ва оинҳои он дар шеъри Мавлонои Балхӣ», Комил Бекзода — «Ашъори наврӯзӣ» ва Ғиёсиддин Қодиров — «Наврӯз дар Афғонистон» маърӯза намуданд.

Дар Эрон Наврӯз 13 рӯз идома меёбад. Ба сафар мебароянд, ба дидори ҳамдигар мерасанд ва Наврӯзро табрик мегӯянд. Он иди расмии эрониён низ ҳаст. Табрики дӯстону ошноён 15 рӯз пеш оғоз меёбад.

Дар рӯзи сездаҳуми моҳи фарвардин, яъне охирин рӯзи ид аз хона берун меоянд, то наҳс аз хона бибарояд. Ва масале дар ин бора машҳур аст, ки «дар сездаҳум аз хона бурун, дар чаҳордаҳум ба хона дарун». Бахшида ба иди Наврӯз мусобиқоти варзишӣ низ доир карда мешаванд.

Дар Афғонистон агарчи Наврӯз дар саросари кишвар таҷлил мегардад, он дар Балх вижагӣ ва шеваҳои хосро молик аст. Дар ин вилоят, ки таърихи бас куҳан дорад ва шахсиятҳои оламшумулро ба ҷаҳон додааст, ин ид чил рӯз идома меёбад. Мардуми ин вилоят дар оғози ид дар Ҳарами ҳазрати Амир ҷамъ омада, парчами бузургеро ба истиқболи Наврӯз боло мекунанд. Чун теппаҳои Балх лолапӯш мегарданд, Наврӯз бо номи «Иди гули сурх» ҷашн гирифта мешавад.

Ба онҳое, ки дар он рӯзҳо издивоҷ намудаанд, ба муносибати Наврӯз дар ин ҷо ҳадя медиҳанд. Аз фарзҳои Наврӯз аст, ки ба хонаводаи онҳое бираванд, ки касе аз онҳо оламро чанд рӯз ё чанд моҳ пештар падруд гуфтааст.

Дастархони наврӯзӣ, ки ҳам иборат аз «ҳафтсин»-у «ҳафтшин» аст, меороянд. Қиссахонону гӯяндагон ҳунарнамоӣ мекунанд. Пас аз чил рӯз, яъне бо анҷоми ҷашн, парчами Наврӯзро поён мефароранд ва онро даруни парчаи зар то ба Наврӯзи дигар нигоҳ медоранд.

Аз ҷониби олимон дар бораи таҷлили ин ҷашни байналмилалӣ дар дигар минтақаҳои ҷаҳон маърӯзаҳои пурмуҳтаво шунида шуд. Аз маърӯзаҳои олимони тоҷик маълум мегардад, ки ҳарчанд ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар минтақаҳои ҷаҳон бо номҳои гуногун таҷлил мекунанд, вале ҷавҳари аслии он   навсозӣ ва навпардозӣ, поксозӣ ва бозсозии тинату вуҷуди инсон ва муҳити зиндагии табииву иҷтимоии ӯ мебошад. Наврӯз- ҷашни тантанаи меҳр, хирад, адолат, озодӣ, накӯӣ ва билохира фарҳангсозӣ будааст.

Халқҳои мо, новобаста аз мушкилоти зиёд ва рӯйдодҳои таърих, ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки ин ҷашн талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрӯз нигоҳ доштаанд.

Дар дунё, аз қадим то имрӯз ҷашну маросими  зиёде мавриди таҷлил қарор гирифта ва мегиранд, ки хусусиёти қавмӣ, қабилавӣ, этникӣ ва динӣ дошта, бо ин ё он васила дар доираи фарҳанги  қавмӣ ва динӣ маҳдуд мешаванд. Вале Наврӯз аз ин қоида мустасност, чунки он аз дониш, хирад, фарҳанг ва меҳр сарчашма гирифта, бо ин ҷавҳарҳои   шарифи инсонӣ азалан ва абадан пайванд аст ва он чӣ ки бо хирад ва меҳр иртибот дорад, ҳеҷ гоҳ кӯҳнашавиро намепазирад, дар масири  таърих ҳамвора бо инсон ҳамқадаму ҳамқисмат мешавад ва пайваста дар маҷрои  таҷдиду таҳаввул қарор мегирад.

Март 21, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» таҳия мегардад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАССОМОН. Ин ҳунар дар Тоҷикистон беш аз ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст
«ҲИФЗИ МЕРОС». Бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик маҷаллаи илмӣ ба нашр расид
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи фарҳангӣ доир шуд
«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид