Ғолибони Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020 муайян шуданд

Март 19, 2020 11:46

ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бозиҳои ниҳоии мусобиқаи анъанавӣ барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон хеле ҷолиб баргузор гардиданд. Дар вохӯрӣ барои ишғоли зинаи сеюм дастаи футболи «Душанбе-83»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро мағлуб намуд. Мавзӯи мазкурро  шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад

Рақобати финалии мусобиқа миёни дастаҳои футболи  «Истаравшан» ва КМВА низ бо ҳисоби 2:1 бар нафъи дастаи «Истаравшан»  хотима ёфт. Агарчӣ дар мавсими гузашта артишиҳо ҷоизаро моли худ карда буданд, ин дафъа футболбозони дастаи Вазорати мудофиа унвони қаҳрамониро муҳофизат карда натавонистанд, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии Лигаи футболи Тоҷикистон.

Ҳамин тариқ, дастаи футболи  «Истаравшан»  зинаи аввал, КМВА – дуюм ва дастаи  футболи «Душанбе-83» мақоми сеюмро ишғол карданд. Ёдрас мешавем, ки ҳадафи асосӣ аз баргузории Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон- ин омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футболи Лигаи олии Тоҷикистон  ба мавсими нав мебошад.

Ҷоми лигаи Тоҷикистон-2020

Бозӣ барои ишғоли зинаи сеюм

«Кӯктош» – «Душанбе-83» — 1:2

Голҳо: Далер Имомназаров, 19 (0:1), Колинс Эдухини, 42 (0:2), Азизбек Султонов, 90+2 (1:2 — аз пеналти)

Финал

«Истаравшан» – КМВА — 2:1

Голҳо: Зуфар Акбаралиев, 10 (1:0), Илҳом Баротов, 60 (2:0), Шодибек Ғаффоров, 67 (2:1)

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

«Душанбе-83» – «Кӯктош» – 0:1

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1

Даври 2-юм

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

«Душанбе-83» – «Хатлон» – 1:0

Даври 3-юм

«Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83» – 0:1

«Хатлон» – «Кӯктош» – 2:5

Гурӯҳи«Б»

Даври 1-ум

«Истиқлол» – «Истаравшан» – 0:10

Даври 2-юм

«Файзканд» – «Истиқлол» – 9:3

Даври 3-юм

«Истаравшан» – «Файзканд» – 2:0

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

«Хуҷанд» – КМВА – 0:6

Даври 2-юм

«Локомотив-Помир» – «Хуҷанд» – 1:0

Даври 3-юм

КМВА – «Локомотив-Помир» – 1:0

Март 19, 2020 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад