Пешвои миллат: «Супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумат ҷиҳати барҳам додан ва ба сохтори Академияи илмҳо ворид кардани Академияи илмҳои тиб пешниҳод гардад»
ДУШАНБЕ, 18.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷод ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ лоиҳаи қарори Ҳукуматро ҷиҳати барҳам додан ва ба сохтори Академияи илмҳо ворид кардани Академияи илмҳои тиб дар муддати се моҳ пешниҳод намояд.
Пешвои миллат ҳамчунин зикр намуданд, ки Академияи илмҳои тиб соли 2009 дар сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуд. Ҳарчанд ки дар муддати фаъолияти беш аз даҳсолаи худ ин муассиса як зумра усулҳои нави табобатро ҷорӣ кардааст, вале натавонист фаъолияти худро ҳамчун маркази илмӣ дуруст ба роҳ монда, ба дастовардҳои назаррас дар соҳаи илми тиб ноил гардад.
«Боиси нигаронист, ки дар зарфи беш аз ду даҳсола аз ҷониби олимони соҳаи тандурустии мамлакат истеҳсоли ягон навъи доруи ватанӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки табиати Тоҷикистони мо аз навъҳои гуногуни растаниҳои шифобахш бой буда, онҳо то имрӯз танҳо дар асоси таҷрибаи тибби халқӣ коркард мешаванд. Аз ин рӯ олимони ҷумҳуриро зарур аст, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои замони муосир истеҳсоли дорувориро бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ оғоз намоянд ва дар ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат ҳисса гузоранд»,- гуфтанд Сарвари давлат.
Ба иловаи Президенти ҷумҳурӣ, дар давлати мо дар асоси ашёи хоми ватанӣ имкони коркард ва истеҳсоли таҷҳизоти гуногуни тиббӣ вуҷуд дорад. Аммо ин имконият барои табобат ва сохтани техникаву таҷҳизоти соҳа кам истифода мешавад ва олимони мамлакат бояд дар ин ҷода низ тадбирҳои мушаххас андешанд.








Нахустнамоиши филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд






