РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК. Дар вилояти Хатлон озмуни эҷодии журналистон бо 10 ҳазор сомонӣ ҷоиза эълон гардид
БОХТАР, 11.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоят аҳли қаламро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат вобаста ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят хабар доданд.
«Инъикоси заҳмати соҳибкорон, бинокорон, фаъолияти раисони маҳаллаҳо ва ҳамаи онҳое, ки дар корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд, рӯҳияи мардумро баланд мебардорад, — зикр кард Раиси вилоят. — Аз ин рӯ, вобаста ба инъикоси дастовардҳои аҳли заҳмати Хатлонзамин бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар байни рӯзноманигорон озмуни эҷодӣ баргузор хоҳем кард».
Ҷоизаи мазкур ба ғолибони ин озмун дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ имсол ва соли 2021 супорида мешавад .Барои ғолиби ҷойи якум – 10 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дувум 5000 ва барои ҷойи сеюм 2500 сомонӣ аз рӯйи якчанд номинатсия тақдим карда хоҳад шуд.








«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд






