Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид

Март 14, 2020 11:37

ДУШАНБЕ, 14.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 март дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба баррасии иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум як зумра масъалаҳо, аз ҷумла тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати шашум, тасдиқи дастури Маҷлиси вакилони халқи вилоят, низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят, ташкил намудани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва интихоби ҳайати онҳо, пешбарии номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 пешниҳод карда шуд.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят масъалаҳои зикршударо баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Аз тарафи вакилон номзадии Раҷаббой Аҳмадзода ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид. Пас аз овоздиҳии пинҳонӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо дарёфти аксари овозҳо аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Март 14, 2020 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад