«Сомон Эйр»: Мусофирон барои баргардонидани чипта ва ё ивази он ба муҳлати дертар бояд ба нуқтаи хариди он муроҷиат намоянд
ДУШАНБЕ, 20.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 20 март ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар тамоми хатсайрҳои байналмилалӣ муваққатан қатъ намуд. «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки имрӯз, 20 март хатсайри махсуси Душанбе-Москва-Душанбе-ро иҷро намуда, аз Душанбе ба Москва шаҳрвандони Федератсияи Россия ва аз Москва ба Душанбе шаҳрвандони Тоҷикистонро интиқол диҳад.
Аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тасмим дар асоси дастури Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии эҳтимолияти паҳншавии бемории коронавирус ва таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.
Сарчашма иттилоъ медиҳад, ки барои баргардонидани чипта ва ё ивази он ба муҳлати дертар мусофирон бояд ба нуқтаи хариди чиптаашон муроҷиат намоянд. Маълумоти бештар бо телефонҳои 44-640-40-49, 44-640-40-50 ва почтаи электронии call-center@somonair.com. дастрас мегардад.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






