Суҳбати телефонии Сарвазири Тоҷикистон бо Сарвазири Ӯзбекистон

Март 23, 2020 12:50

ДУШАНБЕ, 23.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 март суҳбати телефонии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов бо ташаббуси он ҷониб сурат гирифт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо рушди муносибатҳои дуҷонибаро, ки дар доираи сиёсати дурбинонаи сарони ду давлат ба роҳ монда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳангоми суҳбат зикр  гардид, ки бо мақсади пешгирии интиқоли коронавируси нав (COVID-19) ва таъмини амнияту солимии ҷомеа рафтуомади шаҳрвандон, ҳаракати нақлиёти мусофирбар ва нақлиёти шахсӣ, ба истиснои автомобилҳои боркаш, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан қатъ мешавад.

Акс аз бойгонӣ

Март 23, 2020 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд