Тавсияҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон оид ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус

Март 18, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 18.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия дод, ки то муътадил гардидани вазъият аз ташкили саёҳатҳои ҳам шаҳрвандони дохилӣ ба хориҷи  Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони кишварҳои дигар аз хориҷ ба Тоҷикистон муваққатан худдорӣ кунанд. Ин тавсия зимни вохӯрии роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва коршиносон пешниҳод гардид.

Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки  тадбири мазкур  ба хотири эмин нигоҳ доштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз бемории коронавирус- COVID-19, ки рӯз ба рӯз дар кишварҳои ҷаҳон доман паҳн мекунад, андешида мешавад.

Дар вохӯрӣ коршиносон низ оид ба омилҳои пешгирии сироятёбӣ аз ин вирус якчанд маслиҳатҳо пешниҳод намуданд. Ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар навбати худ оид ба тақвияти рушди сайёҳии дохилӣ пешниҳодҳои мушаххас карданд.

Ин дар ҳолест, ки Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (СУС), ки як ниҳоди бонуфузи байналмилалии соҳавӣ маҳсуб меёбад, мавқеи Созмонро оид ба кафолат ва дастгирӣ аз хатарҳои коронавирус COVID-19 баён дошт.

Ҳафтаи гузашта ҳайати воломақоми СУС таҳти роҳбарии Котиби генералии он Зураб Пололикашвилӣ ба қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), воқеъ дар шаҳри Женева ташриф оварда, бо Директори генералии он доктор Тедрос Гебрейюс мулоқот намуд. Дар мулоқот масъалаи вазъи паҳншавии вируси сироятии COVID-19 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Котиби генералии СУТ таъкид намуд, ки ҳеҷ кишвар ё ҷомеа аз хуруҷи вируси COVID-19 эмин нест. Барои пешгирии паҳншавии ин вирус СУТ бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ва дигар ташкилотҳои СММ ҳамкориро дар ин самт дучанд тақвият мебахшад.

Роҳбарияти СУС дар посух ибрози ақида намуд, ки барои пешгирии ин вируси сироятёбанда омода  аст якҷо бо ҳамаи кишварҳои аъзо ва ташкилотҳои сайёҳӣ мубориза барад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки «мо ба устувории ин соҳа эътимод дорем ва сайёҳӣ метавонад як рукни марказии эҳёи ояндаи ҳамаи кишварҳо бошад».

Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкории худро бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мустаҳкам намуда, ин ду сохтори СММ дар мулоқот вокунишҳои худро дар мубориза бар зидди пешгирии паҳншавии COVID-19 изҳор доштанд.

Бемории илтиҳоби шуш-навъи нави коронавируси COVID-19 дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври густурда паҳн гашта, имрӯзҳо дар  Италия, Франсия,  Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва баъзе кишварҳои дигар доман паҳн намудааст.

Дар ин  робита ба сайёҳон чунин тавсияҳо пешниҳод мегарданд:

Сайёҳон бояд аз тамос бо одамони бемор худдорӣ кунанд ва дастҳоро бо собун ва об дар тӯли 20 сония бишӯяд ё аз воситаҳои дигари пешгирӣ аз ин беморӣ истифода кунанд.

Сайёҳон бояд саломатии худро назорат кунанд ва давоми 14 рӯз пас аз бозгашт аз муошират бо дигарон худдорӣ намоянд.

Мусофироне, ки гирифтори табларза, сулфаи шадид ё нафаскашии шадид ҳастанд, бояд дар хона истанд ва ба духтурон муроҷиат намоянд.

Дар ин замина, СУС даъват менамояд, ки роҳбарони сохторҳои соҳаи сайёҳӣ ҳамчун пешбарандаи сиёсати сайёҳӣ барои барқарорсозии рушди устувори соҳа кӯшиш ва ҳамкориро дучанд намоянд. Инчунин аз сохторҳои байналмилалӣ ва сайёҳон даъват мекунад, ки ин мушкилотро бо андешаи оқилона ва чораҳои мутаносиб ҳал намоянд. Сайёҳӣ дар ҳоли ҳозир яке аз бахшҳои аз ҳама осебпазир ба ҳисоб меравад ва СУС пешгӯии худро дар бораи воридшавӣ ва воридоти байналмилалӣ дар соли 2020 таҷдиди назар кардааст, ҳарчанд таъкид мекунад, ки чунин пешгӯиҳо эҳтимолан аз нав дида баромада мешаванд.

Пайдоиши вируси сироятии COVID-19 яке аз мушкилиҳои асосии бахши сайёҳӣ дар ҳоли ҳозир ба шумор меравад, ки ҳам ба сайёҳон ва ҳам ба соҳаи сайёҳӣ таъсири худро расонидааст. Ин як хавфи иловагии хатарнок ба ҳама соҳаҳо, аз ҷумла ба иқтисодиёти бозорҳои калони содиротии сайёҳӣ буда, таъсири манфии худро расонида истодааст. То ба имрӯз, СУС тахмин мезанад, ки соли 2020 воридшавии сайёҳони байналмилалӣ аз 1% то 3% кам шуда метавонад, ки ин аз пешгӯиҳои 3% то 4% дар аввали моҳи январи соли 2020 коҳиш ёфтааст. Ин омил метавонад аз 30 то 50 миллиард доллари ИМА хароҷоти сайёҳони хориҷӣ (даромадҳои сайёҳии байналмилалӣ)-ро коҳиш диҳад. Интизор меравад, ки зарари коронавирус махсусан ба корхонаҳои хурду миёна (тақрибан 80%-и соҳаи сайёҳӣ) таъсири манфӣ расонад.

Бо назардошти табиати байнисоҳавии иқтисодӣ ва пояи амиқи иҷтимоӣ, сайёҳӣ ба таври хос барои кумак ба ҷомеаҳо ва ҷамоатҳои зарардида барои бозгашт ба рушд ва субот масъул аст. Дар тӯли ин солҳо соҳаи сайёҳӣ қобилияти худро на танҳо барои рушд ҳамчун соҳа, балки ба пешрафти густурдаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ собит кард. Ин аз дастгирии сиёсӣ ва эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст.

Март 18, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор дар майдони беш аз 7500 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд
Бонки миллии Тоҷикистон: «Ба шахсони бегона маълумоти шахсии худро надиҳед»
Аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоя ворид шудааст
Кишоварзони ноҳияи Лахш беш аз 75 ҳазор тонна картошкаи хушсифат истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Дар Эрон Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии технологии Беларус ҳамкориро густариш медиҳанд
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд