«Тоҷикфилм» кинотеатри замонавӣ таъсис медиҳад
ДУШАНБЕ, 18.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст, ки дар заминаи толори якуми муассиса (салони намоиш) кинотеатри замонавӣ таъсис диҳад. Дар ин бора директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён зимни ҷаласа дар ин ниҳод иттилоъ дод.
Мавсуф зикр кард, ки таъсиси кинотеатр дар «Тоҷикфилм» саривақтӣ мебошад. Зеро барои баргузории фестивалҳои синамоӣ ва ҳафтаи филмҳои мамлакатҳои ба мо дӯст мавҷуд будани кинотеатри замонавӣ ба манфиати кор аст.
Кинотеатри замонавӣ бо назардошти беш аз 200 ҷойи нишаст сохта шуда, дар он насби таҷҳизоти садоии 5Х1 ва экрани васеъ, курсиҳои бароҳат бо шароити зарурӣ ва мувофиқ ба талаботи замон таъмин карда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе кинотеатрҳои замонавӣ ангуштшумор мебошанд. Аз ин рӯ ин иқдоми «Тоҷикфилм» ба манфиати муассиса ва ҷомеа мебошад.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






