Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо котиби якуми Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Март 16, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 16.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Котиби якуми Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Стефано Элеро иброз намуд, ки лоиҳаҳо дар самти курси такмили ихтисоси омӯзгорон, арзёбӣ ва банақшагирии таълим, маблағгузорӣ ва мониторинг татбиқ мегардад. Ин нуктаро ӯ 13 март зимни мулоқот бо Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода баён дошт.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин мулоқот Стефано Элеро миннатдории худро ҷиҳати пазироии олӣ ва ҳамкории дуҷониба баён дошт. Номбурда гуфт, ки дар доираи барномаи дастгирии таҳсилоти босифат дар вазорат бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи «Кумаки техникӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбиқ мегардад.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода аз ҳамкории судманди намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар доираи созишномаҳои аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба имзорасида ба роҳ монда шудааст.

Зикр гардид, ки Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм буда, аз ҷониби он якчанд лоиҳаҳои грантӣ дар самти ислоҳоти низоми таҳсилоти миёна ва олии касбӣ татбиқ шуда истодаанд.

 

Март 16, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд