ЗАМИНЛАРЗА ДАР ТОҶИКИСТОН. Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 26.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз, 26 март, соати 09:44 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази зилзила дар 220 км шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 98 км шимолу шарқи шаҳри Хуҷанд ва 24 км аз шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба гузориши институти зилзиласанҷии кишвар, қувваи зилзила дар маркази он 3-4 балл ва дар шаҳри Хуҷанд 3 баллро ташкил дод.
Заминларза дар шаҳри Душанбе ҳам эҳсос шуд. То кунун даҳҳо нафар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз такони замин дар пойтахт ва навоҳии атрофи он навиштанд.
Бар асари ин заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.








Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад






