18 апрел дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Фирдавсӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ҷамъбаст мешавад

Апрель 10, 2020 16:50

ДУШАНБЕ, 10.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18 апрел дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии  шаҳри Душанбе  даври ҷамъбастии  Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин нуктаро имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба баргузор намудани озмуни мазкур Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни ҷаласа оид ба баргузории даври ҷамъбастии озмуни мазкур дар соли 2020, ки дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки аъзои гурӯҳ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид, баён намуд.

Мавсуф иброз намуд, ки «ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,   пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст».

Сипас муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар гузориши худро доир ба натиҷаҳои баргузории озмун дар тамоми мамлакат манзур намуд.

Қосим Роҳбар зикр намуд, ки баргузории озмун эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром ба тамоми зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони шаҳр ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Роҳбари гурӯҳ аз тамоми иштирокдони озмун, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат дар ин рӯз иштирок мекунанд, даъват ба амал овард, ки дастовардҳои беназири гулпарварии худро ба сокинони ҷумҳурӣ ва ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Дар идомаи ҷаласа тазаккур дода шуд, ки бо сабабҳои номусоидии вазъи боду ҳаво, боришоти зиёди барф дар ВМКБ, қисмати ноҳияҳои кӯҳии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш шинонидани гулҳои мавсимӣ, аз ҷумла гули лола аз 1 апрели соли 2020 шурӯъ гардид. Бинобар ин Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» дар ин минтақаҳо давра ба давра то ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки аъзои Гурӯҳи кори ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, аз натиҷаи он ба роҳбари Гурӯҳи кори ҷумҳуриявӣ маълумотнома пешниҳод намоянд. Ҳамчунин Абдуҷаббор Раҳмонзода зикр намуд, ки даврии ҷамъбастии фаъолияти гулпарварии дигар шаҳру ноҳияҳо ва ВМКБ 6 сентябри соли равон доир мегардад.

Инчунин ба роҳбарияти вазоратҳои фарҳанг ва кишоварзӣ, кумитаҳои рушди маҳал, ҳифзи муҳити зист, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи рушди маҳал мукофотонида мешаванд.

Апрель 10, 2020 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бохтар мавсими нави театрӣ оғоз ёфт
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон намоиши гулдӯзии тоҷикон доир шуд
Иштирокдорони конфронси байналмилалӣ намоиши ҷашнии «Ҳофизи Шерозӣ ва ҳунари хушнависии тоҷик»-ро тамошо намуданд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид
Дар Сеул байни китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Директори Театри опера ва балети Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ ҳамкории эҷодӣ ва таълимӣ пешниҳод намуд
Дар Бӯстон ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид
МУЖДАҲОИ РУҲБАХШИ ЗИНДАГӢ ДАР ШЕЪРИ ҲОФИЗ. Эҳдо ба таҷлили Рӯзи байналмилалии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо таҷҳизоти табобатии нурии саратонӣ таъмин гардид
Тараннуми дӯстию рафоқат ва мақоми инсон дар ҷомеа дар маркази афкори эҷодии Ҳофизи Шерозӣ қарор дорад
Чанд мулоҳиза дар бораи нусхаи тозаи «Девон»-и Ҳофиз. Эҳдо ба 700-солагии зодрӯзи Ҳофизи Шерозӣ
ШАҲРИ ҲУНАРМАНДӢ ВА ҲУНАРМАНДОН. Истаравшан макони ҷалби сайёҳон аст