ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Вусъати раванди бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқолияти давлатӣ дар Ҳисор
ДУШАНБЕ, 06.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 767 иншооте, ки ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бунёд мегарданд, 261 ададаш мавриди истифода қарор дода шуда, корҳои бунёдкорию созандагӣ дар иншооти боқимонда бомаром идома доранд. Матлаби мазкур дар машварати корие, ки дар шаҳри Ҳисор бо иштироки аъзои гурӯҳҳои корӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир гардид, зикр шуд.
Дар машварат ба масъулин дастур дода шуд, ки ҳамкориро бо соҳибмулкон, соҳибкорон ва аҳолӣ наздик карда, ба суръат ва сифати корҳои сохтмонӣ ва истифодаи маҳсулоти ватанӣ эътибор диҳанд.
Раиси шаҳр дар идомаи машварат ба масъалаҳои тозагии муҳити зист, ободонии манзили истиқоматӣ, вазъи фаъолият дар муассисаҳои таълимию табобатӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ба роҳ мондани корҳои тарғибу ташвиқ дар байни аҳолӣ ҷиҳати таъмини амнияту бехатарӣ, фаъолияти мунтазам ва судманди бозорҳои шаҳр махсусан вазъи тозагӣ диққати ҷиддӣ дода, ба роҳбарони гурӯҳҳои корӣ, муовинони раиси шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дода, иҷрои нақшаҳои бунёдӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои муҳимро дар самти рушди вазъи зиндагии аҳли ҷомеа аз самтҳои муҳими фаъолият арзёбӣ кард.
Бояд гуфт, ки дар арафаи иди Наврӯз дар шаҳри Ҳисор 57 иншоот, аз ҷумла як муассисаи томактабӣ барои 120 нафар кӯдак, бинои иловагӣ дар назди се муассисаи таълимӣ бо таъсиси беш аз 350 ҷои нишаст, 7 бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, маркази омӯзиши забонҳо, сартарошхона, нонвойхона мавриди истифода қарор дода шуданд, ки бозгӯи раванди корҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Ҳисор аст.








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт






