Абдуғаффор Юсуфов: «Ҳамаи давлатҳои мусулмонӣ барои пешгирӣ аз хатари коронавирус масҷидҳояшонро барои давраи муайян таътил кардаанд»

Апрель 17, 2020 08:10

ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус як қатор маҳдудиятҳо, аз ҷумла бастани гузургоҳҳои марзӣ ва қатъи роҳҳои ҳавоиро ҷорӣ кардааст, ки ин ҳама барои як давраи муайян ва ба хотири ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат  мебошад.

Ин  матлабро сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор ЮСУФОВ ба АМИТ «Ховар» иброз намуд. Дар зер андешаҳои номбурдаро пурра манзури хонандагон мегардонем:

—  Мутаассифона, баъзе шахсон ва гурӯҳҳои ҳангомаҷӯ, ҳатто баъзе аз хабарнигорону расонаҳои хабарӣ аз ин ҳолати бавуқӯъомада истифода намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо хабару мақолаҳои иғвоангез манофеи худро роҳандозӣ менамоянд. Яке барои худ обрӯ месозаду дигарӣ манбаи даромад мекобад.

Дур намеравем, дар замони оғози паҳншавии коронавирус дар заминаи муроҷиатномаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон барои як давраи муайян баста шудани масҷидҳоро баъзе аз расонаҳои манфиатҷӯ хабари иғвоангез сохта буданд ва симои аслии худро нишон доданд. Дар ҳоле, ки тибқи таълимоти ислом дар замони тоъун (яъне вабо ё дигар бемориҳои сироятӣ) дар хона гузоридани намоз ҳеҷ мушкиле надошта, баръакс аз ҷониби уламои дин ба ин амал дастур дода шудааст.

Имрӯзҳо дар бисёре аз кишварҳои мусулмонӣ ин гуна маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд ва ҳатто тавофи Каъба ва саъй байни Сафову Марва муваққатан номумкин шудааст. Ҳамаи кишварҳои ҳамсояи мо ва дигар давлатҳои мусулмонӣ барои пешгирӣ аз хатари коронавирус масҷидҳояшонро барои давраи муайян таътил кардаанд.

Ахиран, муфтиҳои Миср, Арабистони Саудӣ, Туркия, Тотористон ва Ӯзбекистон фатво доданд, ки дар моҳи мубораки Рамазон, ки чанд рӯз баъд оғоз мешавад, мардум бояд дар хонаҳояшон ибодат кунанд, хондани намози таровеҳ дар масҷидҳо ва ҳам баргузор намудани ифторҳо дар замони паҳншавии коронавирус хатар ба ҷони инсонҳост.

Муфтии Ӯзбекистон Усмонхон Олимов дар муроҷиатномаи худ ба мардум гуфтааст, ки ин тасмими муштараки шӯроҳои уламои исломии Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мебошад ва бояд мусулмонон ба он итоат намуда, худу хонаводаҳояшонро аз ин вируси марговар эҳтиёт намоянд.

Шукронаи Парвардигор, ки имрӯзҳо масоҷиди Тоҷикистон бозанд, аммо набояд фаромӯш кард, ки мо дар давраи ҳассосе ба сар мебарем. Ходимони дин низ борҳо аз намозгузорон даъват ба амал оварданд, ки дар ин ҳангом беҳтар аст намозҳои худро дар хона гузоранд ва аз ҳузур дар ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯянд.

Албатта, ҷаҳон бо хатари азиме дасту панҷа нарм мекунад, пешорӯи бани башар мушкили азиме омада, ки танҳо бо андешидани тадбирҳои зарурӣ бартараф кардани он имконпазир мегардад. Ҳамаи мо шоҳидем, ки давлатҳои Аврупо ва Амрикоро ин вирус ба чӣ вазъ андохтаву ҳамарӯза чӣ қадар инсонҳо мефавтанд.

Бо дарназардошти вазъи бавуҷудомада бовар дорем, ки ҳамватанони мо бо дарки масъулият тадбирҳои ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус имрӯз ба амал омада ва тадбирҳоеро, ки эҳтимол дар оянда андешида шаванд, қабул намуда, оромиро нигоҳ медоранд ва ба қадри имкон ҷойи зисти доимӣ ё муваққатии худро тарк намекунанд, инчунин чораҳои маҳдудкунанда ҷиҳати пешгирии бемории ҳамагирро риоя менамоянд, ба ҳангомаҳову иғвоҳои ашхосу гурӯҳҳои манфиатдор бовар намекунанд.

Дини мубини ислом ҳам таваҷҷуҳ ба саломатии рӯҳу танро барои мусалмонон дар ҷои  аввал мегузорад  ва ин нукта борҳо дар аҳодиси Расули акрам (с) таъкид шудааст.

Аз ин рӯ, баста шудани масҷидҳо дар тамоми рӯи дунё дар ин рӯзҳо ба нафъ ва манфиати мардуми мусалмон аст ва ҳамаи уламои дин ба ин нукта ишора карда, аз мардум мехоҳанд, ки аз ин кор ҳангома насозанд ва пайи ҳифзи саломатии худ бошанд. Зеро беҳтарин неъмат саломатӣ ва ҷони одамизод аст.

Мо ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем ва дарди бани башар дарди мо низ ҳаст.

Педро Санчес, сарвазири Испания дар як муроҷиатномае барои тамдиди муҳлати карантин дар кишвараш ин шеъри оламшумули Саъдиро хонд:

Бани Одам аъзои як пайкаранд,
Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

 Имрӯз ҷаҳон ба хатари ҷиддие рӯбарӯ гардидааст, ки назирашро дар асри 21 касе надида буд ва ин ҳолат бори дигар “аъзои як пайкар” будани башариятро бармало намуд. Тавре ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ҳамаи коршиносон таъкид мекунанд, ягона роҳи наҷот аз ин вируси марговар андешидани тадбирҳои муташаккилона аз ҷониби ҳамаи кишварҳои сайёра мебошад.

Ба иттилои рӯзномаи «New York Times», имрӯзҳо беш аз нисфи аҳолии кураи Замин, яъне беш аз 4 миллиард нафар дар ҳолати карантин қарор доранд ва дар беш аз 90 кишвар бе зарурати ҷиддӣ аз хонаҳо берун шудан барои аҳолӣ манъ шудааст.

Шумораи шахсони гирифтор ба  ин вируси марговар дар ҷаҳон аз марзи 2 миллион нафар гузашта,  дар кишвари ҳамсояи мо Ӯзбекистон зиёда аз 1000 нафар ба ин вирус мубтало шудаанд.  Дар Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои ИДМ низ ҳар рӯз шумораи гирифторон меафзояд.

Ҳамд ва сипоси беҳад Парвардигори оламиёнро, ки имрӯзҳо бори дигар раҳмати бемунтаҳои хешро нисори мардуми мо кардааст ва хушбахтона, миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Мо бояд аз ин ҷиҳат ҳамеша шукргузор бошем, аммо набояд фаромӯш кард, ки дар ин замони ҳассос як беаҳамиятӣ ё бемасъулиятӣ метавонад ҷони ҳазорон шаҳрванди моро низ ба хатар андозад. Бо ин мақсад бо супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии вируси марговари  Covid-19 тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.  Зеро коронавирус беморӣ аст, муқобили он бояд бо саъю талош, яъне бо риояи чораҳои пешгирӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, ҷамъиятӣ, парҳез аз рафтан ба ҷойҳои серодам, баланд бардоштани масунияти бадан мубориза бурд. Набояд фаромӯш кард, ки  пешгирӣ  аз ин беморӣ аз талошу кӯшиши ҳар шаҳрванди мамлакат ва он нафароне, ки вориди ҷумҳурии мо мегарданд, вобаста аст.

Апрель 17, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд