Ҳабси 5 нафар ҷавонон ба муҳлати 15 шабонарӯз барои майдаавбошӣ

Апрель 10, 2020 10:01

ДУШАНБЕ, 10.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаришуда як  сокини шаҳри Душанбе навори муноқишаи як гурӯҳ ҷавононро тавассути саҳифаи иҷтимоии Фейсбук ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ирсол ва дархост намуд, то нисбат ба нафарони қонуншикан тадбирҳои таъсирасонии  қонунӣ андешида шаванд.

Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки 5 апрел як гурӯҳ ҷавонон дар ҳолати мастӣ дар назди қаҳвахонаи «Шабнам», воқеъ дар кӯчаи С. Шерозии шаҳри Душанбе якдигарро дашномҳои қабеҳ дода,  муноқиша намудаанд. Ҳамзамон ба эроди атрофиён беэътиноӣ намуда, бо содир намудани ин кирдори зиддиҷамъиятиашон нисбат ба шаҳрвандону атрофиён беэҳтиромӣ зоҳир намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри  Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар натиҷаи пешбурди маҷмӯи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандони зерин боздошт гардиданд:

Комрони Шодмон, соли таваллудаш 3 марти соли 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи С. Сафаров, хонаи 33;

Назриев Комил Абдулазизович, соли таваллудаш 12 апрели соли 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ҷамоати Сафар Амиршоев, деҳаи Мирапок;

Юсуфов Алиҷон Исуфович, соли таваллудаш 11 январи соли 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, ҷамоати Х. Раҷабов, деҳаи Дарнайчӣ;

Муродов Сафар Мирзохонович, соли таваллудаш 30 майи соли 1975, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ҷамоати С. Амиршоев, деҳаи Гултеппа;

Қурбонов Умедҷон Тошболтаевич, соли таваллудаш 03 феврали соли 1985, истиқоматкунанади ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, кӯчаи Лоҳутӣ, хонаи 4;

Зимни пурсиш маълум гардид, ки дар ҳақиқат номбурдагон дар назди мавзеи мазкур аз сабаби нофаҳмиҳои ночиз байни ҳамдигар муноқиша намуда, осоиштагии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд. Инчунин бо алфози қабеҳ ҳамдигарро дар ҷои ҷамъиятӣ таҳқиру дашном ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.

Дар натиҷа аз ҷониби кормандони милитсия кирдори майдаавбошонаи онҳо тибқи муқаррароти моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) банду баст ва нисбаташон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Сино ирсол гардид.

Суди ноҳиявӣ  8 апрел ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯзӣ таъйин намуд.

Апрель 10, 2020 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд