Агентии обуҳавошиносӣ: Ҳавои номусоид дар Тоҷикистон то нимаи имрӯз боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Воридшавии ҳавои намноки атлантикӣ ва анбӯҳи ҳавои сард ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самти аврупоии Россия ба воситаи қаламрави Қафқоз сабаби номусоид гардидани ҳаво шуда, дар ҷумҳурӣ борон ва барфи бошиддат борид. Ҳавои номусоид дар ҷумҳурӣ то нимаи имрӯз боқӣ монда, баъдан қатъ гардидани бориш дар назар аст»,- гуфт муовини сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии мамлакат Парвина Саидҷамолова.
Рӯзи 9 апрел дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, шоҳроҳҳои Файзобод-Нуробод-Тавилдара, нишебиҳои қаторкӯҳҳои Вахш, ҳавзаи дарёи Ёхсӯ-Қизилсӯ, ҳавзаи дарёи Обиминоби ноҳияи Дарвоз, ҳавзаи дарёи Зарафшон эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҷараёнҳои сели дорои қувваи харобиовар дар назар аст.
Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришавандаи Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), Обихингоб, шохобҳои канории дарёи Вахш эҳтимоли якбора баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Бино ба иттилои номбурда, пагоҳ, 10 апрел дар мамлакат ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд.
Инчунин шаби 9-ум ба 10 апрел баъд аз қатъ шудани бориш софшавӣ ва пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, то -2 дараҷа хунукӣ пешбинӣ шудааст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ то ба 7-12 ва 10-15 дараҷа хунукӣ дар назар дошта шудааст.
10 апрел ҳаво рӯзона гарм шуда, аз 11 то 13 апрел боз ворид шудани ҳавои намнок ва номусоидии он пешгӯӣ шудааст. Дар ин рӯзҳо дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ — доманакӯҳҳо боридани борон ва барф дар назар аст.










Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






