ҒАЛАБАИ «ИСТИҚЛОЛ»! Ин даста бори нуҳум аст, ки Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб мегардад
ДУШАНБЕ, 06.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон-2020 бар дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ин бозии ҷолиб дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе тавонист тавассути зарбаҳои нишонраси Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов ғалабаро таъмин намояд. Дар ҳайати дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд легионери ӯзбекистонӣ Санҷар Ризхибоев голро ба ҳадаф расонид. Дар ин вохӯрӣ ҳамлагари дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин бозингар дониста шуд.
Бозии мазкур байни ин дастаҳо 4 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бе ҳузури мухлисон доир гардида, дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе маротибаи нуҳум Суперҷоми Тоҷикистонро сазовор шуд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи «Истиқлол»-и Душанбе қаблан солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019 Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда буд.
Суперҷоми Тоҷикистон-2020
«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 2:1
Голҳо: Санҷар Рихсибоев, 2 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 78 (1:1). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (2:1).
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Алексей Ларин, Марко Милич, Искандар Ҷалилов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 58), Виктор Свежов, Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов (Рустам Соиров, 76), Шериддин Бобоев (Вахит Оразсахедов, 58), Манучеҳр Ҷалилов.
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Маъмур Икромов, Манучеҳр Сафаров, Комрон Мирзонажод, Бахтиёр Чориев (Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 76), Дилшод Бозоров, Ойбек Абдуғаффоров, Хуршед Бекназаров, Сироҷ Ҳамроев, Фирдавс Чақалов (Алишер Баротов, 76), Санҷар Рихсибоев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 64), Абдулмуъмин Забиров (Андрей Сидиров, 84).
Огоҳӣ: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Фирдавс Чақалов, Рустам Хоҷаев («Хуҷанд»).
Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).
Нозири доварон: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Беҳрӯз Зайниддинзода (Бохтар).
4 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ








Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд






