«ҲАМРОҲ БИХОНЕМ». Дар Суғд боз як китобхонаи замонавӣ таъсис ёфт

Апрель 13, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 13.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд китобхонаи замонавӣ таъсис ёфт. Китобхонаи мазкур дорои 15 ҳазор китоб буда, 5 ҳазори онро асарҳои  бадеии бачагона ташкил медиҳанд. Аз ҷониби шарикони рушд дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» ба ин китобхона 1000 адад китобҳои бадеӣ дастрас карда шуд.

Тавре  аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар пояи китобхонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд маҳфили «Китобхони беҳтарин» таъсис ёфта, хоҳишмандон метавонанд ба ин маҳфил шомил шаванд. Ҳадафи асосии маҳфил ба китобу китобхонӣ ҷалб намудани ҷавонону наврасон ва омода намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарпарастии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда мешавад.

Тавре аз низомномаи озмун бармеояд, он бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо),  калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат) доир мегардад.

Апрель 13, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Симпозиуми панҷуми байналмилалии фалак баргузор мегардад
Вобаста ба криосфера, иқлим ва захираҳои об конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон доир мегарданд
Сокинони ноҳияи Ховалинг соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома» мегарданд
Дар Ховалинг бошишгоҳи нави палеолитӣ бо таърихи 500 ҳазор сол кашф гардид
Дар Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» беш аз 30 филм намоиш дода мешавад
Операсароёни маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Стефания Мурино ва Фабио Каррери дар Хуҷанд сурудҳоро бо забони тоҷикӣ иҷро намуданд
Туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия дар Осорхонаи миллӣ бо фарҳанги қадимаи миллати тоҷик аз наздик шинос гардид
Ба фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш 59 ҳазор нусха адабиёт ворид гардид
Дар Кӯлоб ба ифтихори Рӯзи фалак чорабинии ҷашнӣ баргузор шуд
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ гардиданд