Ҳавои намноки атлантикӣ ва анбӯҳи ҳавои сарди Россия 8-9 апрел дар Тоҷикистон сабаби боронҳои бошиддат ва сел мегарданд

Апрель 8, 2020 10:55

ДУШАНБЕ, 08.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8-9 апрел дар Тоҷикистон  номусоидии вазъи обу ҳаво идома ёфта, дар қисми зиёди ноҳияҳои мамлакат, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боридани боронҳои бошиддати сел дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар  ин рӯзҳо дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, шоҳроҳҳои Файзобод-Нуробод-Тавилдара,  нишебиҳои қаторкӯҳҳои Вахш, ҳавзаи дарёи Ёхсӯ-Қизилсӯ, ҳавзаи дарёи Обиминоби ноҳияи Дарвоз, ҳавзаи дарёи Зарафшон эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҷараёнҳои сели дорои қувваи харобиовар дар назар дошта мешавад.

Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришавандаи Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), Обихингоб, шохобҳои канории дарёи Вахш эҳтимоли якбора баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Шаби 8 апрел ва субҳи 9 апрел дар водиҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд эҳтимоли гузаштани борон ба барфи тар пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии манотиқи ҷумҳурӣ барф меборад.

Шаби 9-ум  ба 10 апрел, баъд аз қатъ шудани бориш софшавӣ ва пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, то 0-2 дараҷа хунукӣ аз эҳтимол дур нест.

Бино ба андешаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, ин вазъият метавонад ба сармозании зироати кишоварзӣ оварда расонад.

Аз ин рӯ ба сохторҳои дахлдори хоҷагии халқи ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки тайёрии пешакиро оид ба рафъи ин зуҳуроти номатлуби табиӣ сари вақт роҳандозӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳавои намноки атлантикӣ ва анбӯҳи ҳавои сард ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самти аврупоии Россия ба воситаи қаламрави Қафқоз ворид шудааст.

Апрель 8, 2020 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд